АМИТ: конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор шуд

Ба ифихори Рӯзи ҷавонон имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Президент, ҷавонон ва илми муосир” баргузор гашт. Дар кори конфронс роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Насиба Содиқӣ, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон, Рудобаи Мукаррам, раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва дигар роҳбарону намояндагони вазоарту идораҳои кишвар ширкат доштанд.

Нахуст, Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон шодбош гуфта, зикр намуд, ки ҳамоиши мазкур дар партави мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони кишвар доир шуда истодааст.

Сипас, Насиба Содиқӣ, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон ба сухан баромада, нақши ҷавононро дар пешбурди соҳаҳои илму фарҳанг баланд хонда, қайд кард, ки дар замони Шӯравӣ, на ҳамаи ҷавондухтаронро барои таҳсил дар мактабу донишгоҳҳо иҷозат медоданд. Маҳз бо ташаббуси Истиқлоли меҳан имрӯз духтарон аз тамоми гӯшаю канори ватан дар мактабу донишгоҳ ва донишкадаҳои кишвар ва ҳатто берун аз он таҳсилу фаъолият  менамоянд. Барои духтарони деҳоти дурдаст квотаҳои президентӣ таъсис дода шудааст ва имрӯз ҳар ҷавони болаёқат метавонад тариқи квота дар дилхоҳ донишгоҳҳои кишвар таҳсил намояд. Ҳукумати кишвар барои омода намудани кадрҳои хуби ихтисоснок дар ҳамаи самту соҳаҳо саъю талош намуда, дар пешрафту рушди босуботи ватан саҳми ҷавононро дидан мехоҳад.

Рудобаи Мукаррам, раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар маърӯзаи худ дар самти дастгирии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ибрози назар намуда, зикр кард, ки Ҳукумати кишвар дигар барои ҷавонон имтиёзҳоро низ муҳайё намуд, ки таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо, стипендия барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, квотаи Президенти ҷумҳурӣ барои ҷавонони минтақаҳои дурдаст бобати таҳсил дар мактабҳои олӣ, таъсиси Фонди махсуси Президент барои ҷавонони лаёқатманд ҷиҳати таҳсил дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷ, грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва дигар иқдомҳои ниҳоят муҳим, аз ин зумра дастовардҳои ҷавонон мебошанд.

Ҳамоиши мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон доир гашта, дар фарҷоми он ба ғолибони як қатор озмуну сабқатҳои илмиву варзишӣ ифтихорнома ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукот супорида шуд. Чунин чорабиниҳо аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш то охири моҳ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат идома хоҳад ёфт.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE