Дар ҷаҳон афзоиши рекордии сироятёбӣ аз коронавирус сабт гардид

Дар ҷаҳон ҳодисаи афзоиши рекордии шабонарӯзии шумораи ҳолатҳои ташхисшудаи сироятёбӣ аз коронавируси SARS-Cov-2 сабт гардид, шарҳ дода буд омори ҷаҳониро рӯзи якшанбе, 6 сентябр, Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба dw.com.

Дар тӯли 24 соат 304 ҳазору 626 ҳолати сироятёбӣ ошкор шудааст. Рекорди қаблӣ 14 август қайд ва дар он рӯз 304 351 ҳодисаи сироятёбӣ сабт шуда буд.

Дар айни замон, шумораи ҳолатҳои фавти беморон дар як шабонарӯз тақрибан ду маротиба кам шудааст. Агар рӯзи 14 август 10 135 тан бемори сироятёфта ҷон бохта бошад, пас давоми 24 соати охир дар ҷаҳон 5637 нафар фавтидаанд.

Аз оғози пандемия, вирус дар вуҷуди 26.882.530 нафар ташхис шудааст (маълумот дар вақти интишор таҷдид шудааст), 879.580 тан аз бемории COVID-19, ки ангезандаи он вирус мебошад, ҷон бохтааст.

Аз ҳама бештар ҳолатҳои сироятёбӣ ва фавт дар ИМА сабт шудаанд: дар вуҷуди 6,2 миллион нафар коронавирус ташхис шудааст ва 188.5 ҳазор тан ҷон бохтаанд. Дар ҷои дуюм — Бразилия мебошад ва дар он ҷо 4,1 миллион ҳолати сироятёбӣ сабт ва 126,2 ҳазор тан ҷон бохтааст. Баъдан, Ҳиндустон, дар он ҷо зиёда аз 4,1 миллион сироят сабт ва 70,6 ҳазор тан ҷон бохтааст. Дар айни замон дар Ҳиндустон шумораи ҳаррӯзаи сироятёфтагон бо суръат афзоиш меёбад.

Россия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар мавқеи чорум ва теъдоди онҳо зиёда аз як миллион аст ва аз рӯи омори расмии фавтидагон дар ҷои 12 қарор дорад — 17820 тан.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE