Ифтитоҳи гушаи Саразм дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Саразм яке аз ёдгориҳои ниёгони тоҷикон аст, ки сарчашмаи ифтихори миллату давлат ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.  Бо кашфи ин шахраки кадима ва пайдо кардани нигорахо аз он  олимони точик назди чахониён исбот кардаанд, ки ин милати куханбунёд дар бунёди тамадуни башари накши муосир гузоштааст. Абдувалӣ Шарифзода – Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон мегуяд  бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ арҷгузорӣ ба таъриху маданияти гузаштагон аст.

Таҳқиқу омӯзиши Саразм аз соли 1976-ум шурӯъ гардида, то имрӯз дар сатҳи гуногун идома дорад. Дар як муддати кӯтоҳ Саразм ва бозёфтҳои нодири он тавонист, ки диққати олимони тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб намоянд. Ба гуфтаи Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода тули солхои  1984 – 1997- барои таҳқиқи Саразм экспедитсияи якҷояи кишвархои хоричи ташкил карда шудааст, ки дар пайи он беҳтарин натиҷаҳо ба даст омадаанд.

Ба маълумоти масъулини  Осорхонаи миллии Точикистон, барои тачлили сазовори 5500 солагии Саразм, яке аз марказхои илмию таткикоти  ва фархангию таргиботии ин боргох ба тахкик ва таргиби Сарзм машгул аст. Хамзамон дар ошиёнаи якуми Осорхонаи миллии Точикистон як гушае ба Саразм бахшида шудааст,ки дар он расму оин ва дигар бозёфтхои ин шахраки точикон  ба намоиш гузошта шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба осори аҳди қадим — Саразм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо пуштибонӣ аз он 21 сентябри соли 2000 фармони махсусро дар бораи мамнӯъгоҳи таърихӣ эълон шудани он аз ба тавсиб расониданд. Ҳамчунин бо ҷаҳду кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат шаҳраки қадимаи Саразм  ба фехристи мероси фарханги умумибашари ва ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки мохи чори он дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешаванд.

                       Масъул: Тоҷиддин Сатторов

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE