Бозкушоии саҳифаҳои нави муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Имруз дар Муасисаи давлатии Китобхонаи милии Точикистон  Конфронси илми- амалӣ тахти унвони «Саҳми сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, неку ҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон” ба кор оғоз кард. Дар корион намояндагони барчастаи илми ду кишвар ширкат намуда, хамкоирхои тарафайнро дар сохахои гуногун мавриди барраси карор доданд.   Конфронси мазкур аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ӯзбекистон ташкил карда шуд, ҳайати бонуфузи олимону муҳаққиқон ва коршиносони маъруфи кишвари ҳамсояро муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон академик Акмал Саидов рохбари мекунад. Хамоишро бо суханони ифтитохи Фарход Рахимӣ –президенти Академияи милли илмхои Точикистон ифтитох намуда, аз сахми барчастаи пешвоёни ду давлат  Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кишвари Узбекистон мухтарам Шавкат Мирзиёев дар рохандозии мархилаи нави хамкорихои гуногунчабхаи стратегии ду кишвар ёдрас шуда, онро барои мардуми ду давлат сахифаи нав ва таърихӣ унвон намуд. Сипас даркори конфронси илми амалии «Саҳми сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, неку ҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон”Акмал Саидов- ноиби аввали Палатаи конунгузории олии Мачлиси Чумхурии Узбекистон  зимни баромадаш  аз решахои таърихии равобити ду миллат  ва фархангу дини муштарак доштани точикону узбекхо бо каноатмади сухан гуфта, баргузории хамоиши муштаракро дар рушди минбаъдаи хамкорихои стратеги ба манофеи ду давлат  бахогузори кард.  Бокичон Туғлиев професори Унверистети  ховаршиносии Тошкан дохтори илмхои флологи  баргузории чунин хамоишхоро барои олимони точику узбек манфиатовар маънидод кард.

Дар хамоиш дигар донишмандону коршиносони сохаи илм аз Точикистону Узбекистон дар мавзухои алохидаи хамкорихои илми маъруза намуданд. Зимни баромадхои олимонио таъкид гардид, ки  танхо дар соли 2018 аз сархади  Точикистону Узбекистон 1 милион  шахрванди ду кишвар гузашта, дидорбини кардаанд  ва дар соли 2019 он 1,5 миллион нафар расидааст. Мехмон аз кишвари хамсоя Абдурахим Қучибоев – доктори илмхои биологи професор баргузории ин хамоишро дар рохандозии хамкории олимони ин бахши илми кишвараш бо донишмандони точик амри зарури медонад.

Махмадшох Хилолов-Академики Академияи милии илмхои Точикистон, ташкили хамоиши байналмилалии  «Саҳми сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, неку ҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон”- пайгири аз икдомхои Пешвои миллат президенти кишвар мухтарам Эмомали Рахмон медонад. Номбурда мегуяд чунин чорабинихо дар самти хамкорихои илмӣ – фановарӣ миёни донишмандони ду кишвар заминаи фарохам хохад овард

Пас аз пешниходи маърузахо дар хамоиши илми амалии тахти унвони  «Саҳми сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, неку ҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон”. Дар Муасисисаи давлатии китобхонаи миллӣ, инчунин вохӯриҳои ҷудогона низ баргузор гардиданд, ки дар онҳо коршиносон ва мутахасссисони ҳар ду кишвар атрофи маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар ва дар бархе аз самтхо созишномахои хамкории муштарак хосил шуданд. Конфронс фардо низ идома ёфта дар он конунгузорони ду давлат аслан тарки онлайн сухбат хоханд кард.

                                                                          Тоҷиддин Сатторов

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE