Бохти Сомон дар Бозиҳои олимпӣ
Имрӯз дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқа оид ба намуди гӯштини дзюдо дар вазни -73кг баргузор шуд, ки дар он паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков ширкат кард.
Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал Аҳмад Аликай аз дастаи паноҳандагон ва дар даври дуюм Файе Нҷийе аз Гамбиаро шикаст дода, ба ҳаштякфинал роҳ ёфт, вале дар ин давр аз ноибқаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016- паҳлавони муваффақи Озарбойҷон Рустам Оруҷов бо як вазарӣ мағлуб шуд. Ҳамин тариқ, Бозиҳои олимпии Токио-2020 барои Сомон Маҳмадбеков анҷом ёфтанд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод.
Паҳлавонони дигари тоҷик фардо мусобиқаро идома медиҳанд. Акмал Муродов дар вазни -81кг қувва месанҷад. Ҳарифи ӯ дар даври аввал Ҷоштер Андрев аз Гуам мебошад. Оғози қувваозмоиҳо соати 7:00 бо вақти Душанбе. Сипас, 28 июл паҳлавонони шинохтаи тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ва 31 июл Темур Раҳимов дар вазни +100кг гӯштин мегиранд.