Бурҷи баландтарини Малайзия бо рангҳои парчами Тоҷикистон равшан гардид

Ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 2021 рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз баландтарин бурҷҳои дунё, ки дар пойтахти Малайзия ҷойгир шудааст инъикос гардид. 

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Малайзия 11 марти соли 1992 барқарор гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия имкони густариш ёфтанро доро буда, ду кишвар омода ҳастанд уфуқҳои навро дар ин ҷода фатҳ кунанд. Имрӯз дар макотиби олии Малайзия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Дар ин бора мавод дар расонаҳои Малайзия бо пайванди зерин дастрас мебошад:

https://www.bernama.com/en/world/news.php?id=2001041&fbclid=IwAR0VVASP9mfbMqdE4cy463gr6UjYvE5aOa-

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE