Душанбе: Ҷаласаи муштараки Шӯрои ВКХ, Шӯрои ВМ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД баргузор мешавад

15 сентябр дар Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) доир мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни ҷаласаи муштарак роҳбарони ҳайатҳо оид ба вазъи низомӣ-сиёсии минтақаҳои амнияти дастаҷмъии СААД мубодилаи афкор ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳоро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 феврали соли 2021 тасдиқ кардаанд, баррасӣ мекунанд.

Инчунин  маълумоти Дабири кулли СПАД С.Зас дар бораи омодасозии лоиҳаи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ва Вазири корҳои хориҷии Арманистон А.Мирзоян оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолият давоми раёсати Созмони Ҷумҳурии Арманистон шунида мешавад. Дар натиҷаи ҷаласаи муштарак қабули беш аз 20 қарор ба нақша гирифта шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE