«ДУШАНБЕРО БА «ШАҲРИ САБЗ» ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!»

Аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе  даъват ба амал меорам, ки барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт саҳм гузоранд. Дар ин радиф пешниҳод менамоям, ки ҳамчун нишони ҳамраъйӣ ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намоянд. Бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро сарсабз мегардонем ва  дар ободонии он саҳм мегузорем,  балки барои  насли наврас намунаи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист  ва сарзамини худро меомӯзем. Чунин пешниҳод намуданд Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баргузории  иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ  медиҳад,  имрӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.

Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 5 масъала, аз ҷумла гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№23 ва 42, ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021 дар шаҳри Душанбе, натиҷаҳои рушди соҳаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва вазъи амалишавии низоми электронии роҳкиро дар ин соҳа, дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаҳои қарорҳои №№7 ва 8 Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шуд.

Дар ибтидои иҷлосия гузориши Раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо шунида, ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум аз ҳавзаҳои интихоботии №№23 ва 42-и шаҳри Душанбе Кабиров Далер Бахтиёрович ва Қувватова Рафоат Ашуровнаро тасдиқ кард.

 

Сипас вакилони халқ масъалаи омодагии шаҳрро ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020–2021 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

Пас аз муҳокима ва таҳлили ҳамаҷониба ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбари дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории дахлдори Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021″- ро таъмин намуда, фаъолияти сохторҳоро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Ҳамзамон масъулини соҳаҳои марбута ҷиҳати анҷом додани корҳои бетону васлгарӣ то мавсими сардиҳо, таъмини корҳои мумфаршкунӣ дар иншооти соҳаи роҳсозӣ, тоза кардани ҳавзҳои обкашонӣ ва чоҳҳои коррезӣ, таъмири насосҳои обкашӣ, ба таври кофӣ захира кардани маҳлулҳои безараргардонӣ, тоза кардани каналу селпартоҳо ва такшингоҳҳои шаҳрӣ вазифадор гардиданд.

Раиси шаҳри Душанбе роҳбарони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор карданд, ки ҷиҳати захираи маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ, ангишт ва ҳезум, омодагии генераторҳои барқӣ, бехатарии зиддисӯхтор дар мавсими тирамоҳу зимистон ва омода намудани бинои иншооти соҳа барои қабули гармӣ тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои коммуналиву хусусӣ ҷиҳати бо нархҳои дастрас таъмин намудани сокинони пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия, захира ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд, иҷрои аз меъёри асосӣ зиёди нақшаҳои захираи картошка, пиёз, сабзӣ, орд, равған, шакар, мониторинги нарху наво ва ғайра муваззаф гардиданд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки бобати таъмини фаъолияти самараноки сардхонаҳои шаҳрӣ, ҷойгир кардани маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва консерваҳо, таъмини бозорҳои хусусӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳр чораҷӯӣ намоянд.

  

Масъулини соҳаҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ уҳдадор гардиданд, ки кори муътадили марказҳои барқу гармидиҳӣ, захираи ангишту мазутро таъмин намуда, оид ба пайвастшавии бинову иншоот ба шабакаи гармидиҳӣ, таъмир ва сохтмони истгоҳҳои трансформаторӣ, пешгирии худсаронаи пайвасти ноқилҳо ба симчӯбҳо ва қонунвайронкуниҳо дар истифодаи қувваи барқ,  ивази пояҳои чӯбин, гузаштан ба низоми билингии пардохт, коҳиш додани қарзи истифодаи энергияи барқ ва гармӣ, инчунин  бобати дар ҳолати зарурӣ ва бо риояи технологияи муайяншуда нигоҳдорӣ намудани роҳҳои мошингарди пойтахт, омодасозии пурраи муассисаҳои давлатии истифодаи роҳҳо барои фаъолият дар ҳама гуна шароит ба миқдори зарурӣ захира намудани маводи зидди лағжишӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин   равғанҳои молиданӣ ва сӯзишворӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ намоянд.

Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи масъулини бахшҳои дахлдори шаҳрдориро ба вусъати корҳои ободонӣ, аз ҷумла тоза намудани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо ҷалб намуда, барои сари вақт баровардани партову хазонҳо, таъмини нақшаи шинонидани дарахту гулҳои зимистона, иваз намудани дарахтони хушкшуда, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани фаввораю курсиҳои боғҳо  дастурҳои мушаххас доданд.

Аз роҳбарони сохторҳои дахлдор талаб карда шуд, ки ҷиҳати ба инфрасохтори шаҳр мутобиқ намудани тамоми иншоот ва муассисаҳои иҷтимоии ҳудуди аз ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе воридшуда ва амалӣ кардани корҳо барои омодагӣ ба давраи зимистон  тадбирҳои зарурии саривақтиро татбиқ намоянд.

Иҷлосия натиҷаҳои рушди соҳаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва вазъи амалишавии низоми электронии роҳкироро баррасӣ намуда, қарор кард, ки ҷиҳати татбиқ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи рушди нақлиёти истифодаи умум чораҳои амалиро роҳандозӣ намуда, реҷаи ҳаракати  нақлиёти ҷамъиятӣ ва меъёри ғунҷоиши мусофирон, таваққуфи нақлиёт дар ҷойҳои муайяншуда, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар фаъолияти ронандаҳо тадбирҳои судманд андешанд.

Вобаста ба масъалаи муҳокимашаванда Раиси шаҳри Душанбе ба масъулини соҳаи нақлиёти мусофирбар супориш доданд, ки бо мақсади татбиқи пурраи лоиҳаи “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум”-и шаҳри Душанбе корҳоро ҷоннок намуда, марҳила ба марҳила гузаштани хатсайрҳои боқимондаро бо ин тарзи хизматрасонӣ таъмин намоянд ва ҳамзамон  барои баланд бардоштани савия ва малакаи ронандагону муҳандисон  ва дигар масъулини корхонаҳои коммуналӣ ва ширкатҳои нақлиётӣ тадбирҳои зарурӣ  андешанд.

Ҳамзамон ба комиссия оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо дастур дода шуд, ки масъалаи рушди соҳаи нақлиёти шаҳриро дар маҷлисҳои комиссия баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва мусоидат дар тараққиёти соҳа ба сохторҳои лозима пешниҳоду дархостҳои вакилӣ ирсол намуда, дастовардҳо ва фарҳанги истифодаи нақлиёти мусофиркашӣ ва дигар соҳаҳоро тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ тарғибу ташвиқ намоянд.

Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ба замимаҳои қарорҳои №№7 ва 8 Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020 тағйирот ворид намуданд.

Вакилони халқ ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар самти сиёсати кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳим  баррасӣ ва тасдиқ карданд.

Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки имрӯзҳо мо дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани он масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ҳисси ифтихори ватандориро тақозо мекунад.

Дар ин робита, ба раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дода шуд, ки дар ташкил ва фаъолияти участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ мусоидат намуда, корҳои ободониву тоза кардани кӯчаю хиёбон ва шаҳраку маҳаллаҳо, ташкил ва гузаронидани шанбегиҳои дастаҷамъона, насби шиору овеза ва пурзӯр кардани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро дар арафа ва рӯзи интихобот таъмин намоянд.

Ҳамчунин Раиси шаҳри Душанбе изҳори боварӣ намуданд, ки ҳама дар якҷоягӣ, дар фазои ҳамдилӣ баргузории  маъракаи муҳими сиёсиро таъмин месозем.

Бо ҳамин иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро ба анҷом расонд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE