88-НАФАР ХОНАНДАИ СИНФИ БОЛОӢ ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДАИ ДАВРИ ВИЛОЯТӢ

Соҳаи маориф поягузори тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеъа ба ҳисоб меравад. Ин соҳаи афзалиятноки ҷомеъа пас аз соҳибистиқлоли кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромадҳояшон  аз пешравиҳои соҳаи маориф зикр намуда, нисбати соҳаи мазкур тавваҷӯҳи хосса зоҳир менамоянд. Сол аз сол соҳаи мазкур пешрафта, ба дастовардхои назаррас ноил гардидаистодааст. Дар шаҳри Кулоб дар соли 2020 5 муасссисаи таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт ва сохтмони зиёда аз 10-иншооти соҳаи мазкур идома дорад.

«Бахши маорифи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб фаъолияти худро дар асоси конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои соҳибилм гардидани наврасону ҷавонони кишвар тамоми имконоти худро истифода бурда истодааст. Инчунин барои хубтар тайёрӣ дидан ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ тайёр намудани хонандагон ио барномаҳои махсусро ба роҳ мондем. Аз ҷумла дар давраи таътили зимистонаи хонандагон мо барномаи» Сайри китоб»-ро роҳандозӣ намудем, ки тибқи он ба ҳар хонанда аз руи нақша китобҳои гуногуни соҳавию бадеӣ тақдим мегардад. Гуфт Ҳакимов Қадамшо мудири бахши маорифи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Пас аз соҳибистиқлолии мамлакат дар Тоҷикистон 100-ҳо мактабу донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ ба тарзи замонавӣ рӯйи кор омаданд, ки ин ба пешравиҳои беназири соҳаи маориф нақш хоҳад гузошт. Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб дар соли 2020 бо вуҷуди паҳншавии бемории ҳамагир ба дастовуардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар  олимпидаҳо дар даври вилоятӣ аз хонандагони синфҳои болоӣ 88-нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Инчунин дар  соли 2020 33-нафар хатмкардагони синфи 11 тариқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил шуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки имрӯзҳо дар шаҳри Кӯлоб барномаи «Сайри китоб» идома  дорад. Тавре ки масъулин  иттилоъ доданд, барномаи мазкур бахотири зиёд кардани сафи нафарони китобхону илмдуст гузаронида шуда, то охири моҳи январ идома хоҳад кард.

Шоҳҷаҳон Қурбонов

 «Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE