Форуми ҳафтуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Душанбе оғоз шуд

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар остонаи таҷлили 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми ҳафтуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор гардид.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмондиҳандаи Форуми миллӣ буда дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи ПҶТ, парламент, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, коршиносони мустақил ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи Форуми миллӣ муайян намудани мушкилоте, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷуи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба ва муҳокимаи озод, инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххас ва пешниҳодҳо бо мақсади таъминоти волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарӣ дар назди қонун мебошад.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳо вобаста ба ислоҳоти низоми судӣ, ҳадафи 16 Ҳадафҳои рушди устувори СММ, гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ ва воситаҳои алтернативии ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тоҷиддин Сатторов

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE