Бошгоҳи “Равшани Кӯлоб” пеш аз мӯҳлат роҳи худро ба Лигаи олӣ ҳамвор сохт
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб се давр пеш аз анҷоми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон ҳаққи ширкат дар Лигаи олиро дар мавсими соли 2021 ба даст овард. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Футболбозони шаҳри Кӯлоб дар даври нуздаҳуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар дастаи футболи «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби калони 4:0 пирӯз шуданд. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар 18 бозӣ 45 имтиёз гирифта, дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи аввал ҷойгир шудааст.
Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 37 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. Хуҷандиҳо дар бозии даври гузашта дар майдони худ аз дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуданд. Дастаи «Панҷшер», ки 35 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми сеюмро касб намудааст.
Натиҷаи се бозии дигари даври нуздаҳум бо чунин ҳисоб хотима ёфтанд: дастаҳои футболи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон бо «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 2:0, «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бо бартарии 3:1 ғолиб омада, «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ аз «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо ҳисоби 0:3 мағлуб гардид.