Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ аз олам даргузашт

Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.

Меҳмон Бахтӣ  нависанда, шоир ва драманависи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1972), нависандаи халқии Тоҷикистон буда, дорандаи   Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон ва дорандаи Медали адабии байналмилалии ба номи Михаил Достоевский мебошад. Ҳамзамон бо ордени «Шараф», «Исмоили Сомонӣ» ва се медал мукофотонида шудааст.

Меҳмон Бахтӣ 25 марти соли 1946 дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1973-1975 дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Москва) касби камол намудааст.

Давоми солҳои гуногун мудири бахши адабӣ-драмавии Телевизиони ҷумҳурӣ, ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм», сармуҳаррири шуъбаҳои адабию драмавӣ ва ҷавонони Телевизиони тоҷик, мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мудири Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода, раиси Шӯрои кор бо навқаламон, раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон ва мудири бахши тарҷума ва нашри Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз июли соли 2007 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси бахши Тоҷикистонии Муколамаи «АвруОсиё» буд. Аз соли 1995 то 2000 вакили мардумии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати якум аз ҳавзаи интихобии 35-уми ноҳияи Ғарм ва ҳамзамон раиси комиссия оид ба этикаи депутатӣ ва имтиёзҳои депутатӣ буда, соли 2005 узви Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад.

Ҳамзамон соли 1999 сардори шуъбаи ташвиқоти адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин мешавад. Баъд аз он солҳои 2004 ва 2009 ду бор ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Аз ибтидои солҳои 60-и асри XX ба кори эҷодӣ машғул буд. Муаллифи филмномаҳои мустанади «Корвони дӯстӣ» (1968), «Нуқра Раҳматова месарояд» (1970), асосгузори барномаҳои машҳури телевизионии «Чойхонаи дилкушо», «Ҳодӣ ва Шодӣ», «Дар олами адаб», «Беғараз панд», «Майдон аз далер аст» ва ғ. мебошад. Намоишҳои якпардагии ӯ «Шаҳидони роҳи озодӣ» ва «Бародарон» аз тариқи телевизион борҳо намоиш дода шудаанд. Драмаи машҳури бисёрпардаи «Лаҳзаи ҷовид» (1967) ва «Ташнаи дидор» (1969)-ро театрҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Камоли Хуҷандӣ борҳо саҳнагузорӣ кардаанд.

«Ташнаи дидор» нахустин асарест дар мавзӯи доғи солҳои сиюм дар адабиёти ҳозираи тоҷик. Пйесаҳои «Ошёни баланд»-и Меҳмон Бахтӣ аз ҳаёту эҷодиёти М.Турсунзода ва «Лаҳзаи ҷовид» аз ҳаёти аввалин муаллимаҳои кӯҳистони Қаротегин ҳикоят мекунанд. Намоиши «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» соли 1972 эҷод шуда, дар Озмуни умумииттифоқии ҳамҷояи Иттифоқи нависандагону Вазорати фарҳанги шӯравӣ (1977) сазовори мукофот гардида буд. Аз тариқи телевизиони марказии Тошканд низ соли 1982 намоиш дода шудааст. Намоиши «Роҳзан ва кӯзагар» (1974) дар саҳнаҳои театру телевизиони Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Украина ва Русия намоиш дода шудааст. Соли 1963 нашриёти «Советский писатель» (Москва) маҷмӯаи пйесаҳояшро таҳти унвони «Минута вечности», соли 1990 маҷмӯаи қиссаҳояшро бо номи «Слёзы радости и печали» ба забони русӣ аз чоп баровардааст. Давоми даҳсолаи ахир намоишҳои таърихии «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ва «Тилисми Сайҳун» («Нангбардори Хуҷанд»)-ро ба арсаи эҷод овардааст. «Фирдавсӣ» ва «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» дар фестивал-озмунҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ сазовори Гран-При (Шоҳҷоиза) гардидаанд. Ҳамчунин «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ба ифтихори ҷашни 1100-солагии Исмоили Сомонӣ дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузоршта шуда, «Нангбардори Хуҷанд» дар барномаи театри номбурда мақоми шоистаро соҳиб гардидааст. Соли 2014 «Фирдавсӣ» дар Афғонистон ва ҳам дар театри ш.Кӯлоб ба саҳна гузошта шуд. Соли 1997 нашрияи «Сурӯш» (Теҳрон) намоишномаи «Фирдавсӣ»-ро ба хатти форсӣ ба табъ расонда, соли 2001 «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-ро нашриёти адабии Димишқ (Сурия) ба забони арабӣ аз чоп баровардааст. Асарҳои «Сабзпарии Душанбе», «Доғе аз зоғе», «Зуҳра – сайёраи ишқ», «Тангкӯча» дар театрҳои касбӣ ва халқии вилоятӣ ба саҳна гузошта шудаанд.

Муаллифи қиссаҳои «Оҳи сабук» (1971), «Хубон» (1978), «Пирамард» (1982), «Се соати даҳшатбор» (1988) ва маҷмӯаи намоишҳои «Лаҳзаи ҷовид» (1972), китоби шеърҳои «Пайғоми баҳор» (1975), «Хаёли ширин» (1985), китоби қиссаву ҳикояву мақолаҳои «Рӯҳи тавоно» (1987), маҷмӯаи намоишҳои «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» (1980), китоби қиссаву ҳикояҳои «Оҳи сабук» (1987), маҷмӯаи «Пйесаҳо» (1982), гулчини қиссаву намоишҳои «Манзари қисмат» (2003), достони «Бозтоби Офтоб» (2006), маҷмӯаи «Қиссаҳо» (2007, ба забони русӣ) «Оҳанги хаёл» (2011) мебошад.

Повести «Хубон» (1982) дар мачаллаи бонуфузи Иттифоқи нависандагони шӯравӣ «Дружба народов» чоп шуда, баъдан бо пешниҳоди маҷалла сазовори Мукофоти ба номи Николай Островский гардидааст. Ҳамчунин соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» таҳти силсилаи «Илҳом» аз чоп баромада, ба унвони «Китоби сол» сазовор гаштааст ва ба сифати китоби алоҳида дар Туркия, Гурҷистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба табъ расидааст.

Дар ин руз мисраҳои устод Лоиқ Шералӣ ба ёд мерасанд, ки гуфта буд:

Чу як пири хирад мирад, бимирад ҷумла осорам,
Чу як ҳамсоли ман мирад, гаронтар мешавад борам.

Дарахте бишканад, гӯӣ миёнам бишканад, эй дод!
Чу фикре барғалат бошад, шавад афгор афкорам.

Агар пои касе лағжид, хуни дил хурам шабҳо,
Ки гӯӣ ман хатокорам, ки гӯӣ ман гунаҳкорам.

Чу ман аз тухми деҳқонам, бисабзад то ҳама кишташ,
Наборад абр агар борон, сиришк аз дида меборам…

Агар як лаҳза ношукри ҳамин давру замон бошам,
Сияҳбахтам, сияҳрӯзам, сияҳрӯям, сияҳкорам!..

Ба иттилои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҷанозаи Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Меҳмон Бахтӣ имрӯз, 20 май, соати 13:00 дар Масҷиди марказии ба номи имом Тирмизии шаҳри Душанбе барпо мегардад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE