Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2022» беш аз 70 корхонаи дохиливу хориҷӣ маҳсулоти худро манзур намуданд

Имрӯз дар муҷтамаи  «Манеж»-и шаҳри Душанбе калонтарин Намоишгоҳи байналмилали универсалӣ — Ярмаркаи «Тоҷикистон-2022» бо ширкати беш аз 70 корхона ва ширкатҳои саноатӣ аз Узбекистон, Олмон, Эрон, Русия, Корея, Чин ва Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 26 июн идома меёбад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории намоишгоҳ.

Дар маросими ифтитоҳи расмии он  Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Умед Каримзода, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нав Умед Солеҳзода, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршеда Қодирӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода, сафирони Русия, Туркманистон, Қазоқистон, Туркия, Озарбойҷон, Фаронса, Ҳиндустон, Эрон, Беларус, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорони дохилию хориҷӣ иштирок намуданд.

Ҷамшед Ҷумъахонзода ба иштирокчиёни намоишгоҳ, намояндагони ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, ки дар бозори Тоҷикистон фаъолият дошта, маҳсулоти худро дар намоишгоҳи бонуфузи Душанбе муаррифӣ мекунанд, изҳори сипос намуд.

-Боиси ифтихор аст, ки истеҳсолкунандагони тоҷик имрӯз молу маҳсулоти рақобатпазири худро низ муаррифӣ менамоянд. Намоишгоҳи «Тоҷикистон-2022» на танҳо дар кишвари мо, балки дар минтақа як рӯйдоди калони касбӣ мебошад. Ҳамасола аз намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон садҳо нафар мутахассисон аз кишварҳои гуногун дидан мекунанд ва дар ин ҷо шарик пайдо менамоянд, — афзуд ў.

Раиси Палатаи савдо ва саноат таъкид кард, ки ҳадафи асосии  ин намоишгоҳ  таҳким ва тавсеаи робтаҳои тиҷоратию иқтисодӣ тавассути гирди ҳам овардани намояндагони соҳибкорӣ аз саросари ҷаҳон, ниҳодҳои давлатӣ, байналмилалӣ барои барқарор кардани робитаҳои мутақобилан судманд, ҷустуҷӯи шарикони нав ва афзоиши додугирифти мутақобила мебошад. Ин кор албатта, дар гуфтугӯи зич бо доираҳои тиҷоратӣ ба амал бароварда мешавад.

Бо дарназардошти вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҷалби сармоя, техника ва таҷҳизоти инноватсионии ҳозиразамон ба Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Ба гуфтаи муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Умед Солеҳзода, дар кишвар фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, қонун дар бораи ҳимояи сармоягузорон амал мекунад.

«Дар ин самт вазифаи мо аз он иборат аст, ки истеҳсолкунандагони тоҷикро ба бозорҳои кишварҳои ИДМ, Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ фаъолонатар пешбарӣ намуда, на танҳо бозори дохилиро бо озуқавории ватанӣ пурра таъмин намоем, балки кишварро ба бозори ҷаҳонӣ табдил диҳем ва ба бозорҳои хориҷӣ маҳсулоти хушсифат равона намоем»,- тазаккур дод У. Солеҳзода.

Мавсуф иброз дошт, ки айни ҳол давлатҳои ҷаҳон барои бозори Тоҷикистон талош доранд. Ӯ изҳори итминони кард, ки намоишгоҳи  имрӯза самараи татбиқи Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои  2022-2026 аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки дар намоишгоҳ зиёда аз 70 корхонаю ташкилот молу маҳсулоти худро дар соҳаҳои саноати сабук, хурокворӣ, мошинсозӣ, техникаҳои хоҷагии қишлоқ, хизматрасонӣ, сохтмон ва кимиёи маишӣ, аз ҷумла Фабрикаи қаннодии «АМИРӢ», Корхонаи саноатии «СИЁМА», ҶДММ «МАРМАРӢ», ҶДММ «САРДОР», Памир-Голд, ГУП «Комбинати хӯрокворӣ», ҶДММ «Шифо чой», ҶДММ «Фаровон-1», ҶДММ «Сем Инвест», ТАЛКО, ҶДММ «РАХШ ПОКСОН», СИ «SIMON COSMETICS», TOO «XEФЕЛЕ» ва дигар корхонаҳои дохилию хориҷӣ  ба намоиш гузоштанд.

Роҳбари ҶДММ «Тути Помир» Тоҷиддин Саидюнонов ҷиҳати фароҳам овардани чунин шароити мусоид баҳри тарғиби маҳсулоти аз ҷиҳати экологи тозаи ҷамъияти номбурда ба ташаббускорони ингуна Намоишгоҳи байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки корхонаи онҳо маҳсулоти хешро айни ҳол ба Русия ва бархе  аз кишварҳори хориҷӣ содирот менамояд.

«Маҳсулоти мо, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифат мебошад. Дар намоишгоҳ мо имрӯз 10 намуди маҳсулоти худро пешкаши иштирокчиён намудем, ки ҳамаи он бо технологияи муосиру ҳозиразамон омода карда мешаванд. Маҳсулоти мо аз меваи тут, зардолу, анҷир, имбир, кунҷит ва дигар намуди мевагиҳо омода  мегарданд. Дар хориҷа ба маҳсулоти мо таваҷҷуҳи хеле зиёд доранд, ки аллакай пешниҳодҳои содиротӣ ба ҷониби мо шуда истодаанд. Мо дар оянда кӯшиш дорем, то иқтидори истеҳсолии корхонаи худро боз ҳам калонтар намуда, шумораи бештари кормандонро бо ҷойи кору маоши хуб тамин созем», — гуфт номбурда.

Намоишгоҳ кори худро то 26 июн аз соати 9-00 то 18-00 идома медиҳад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE