Дар мубориза барои курсии сарвазири Британия ду номзад боқӣ мондаанд

Ба даври ниҳоии мубориза барои курсии сарвазири Британия вазири собиқи молияи Британия Риши Сунак ва Вазири кунунии корҳои хориҷӣ Лиз Трасс баромаданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи иттилоотии  британии «Sky News».

Рӯзи чоршанбе, 20 июл сардори ба ном Кумитаи  1922 (гурӯҳи парламентии ҳизби консервативӣ дар палатаи ҷомеаи Британияи Кабир) ҷаноби Грэм Брэди натиҷаҳои даври панҷуми овоздиҳии дохилиҳизбиро эълон кард. Вай гуфт, ки вазири хурди сиёсати тиҷорати Британия Пенни Мордаунт аз ҳама камтар (105) овоз гирифтааст ва аз мубориза хориҷ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, Риши Сунак бо ба даст овардани 137 овоз раҳбарии худро мустаҳкам кард, дар навбати худ Лиз Трасс аз ҷониби 113 вакил дастгирӣ ёфт. Акнун Сунак ва Трасс ҳамчун «ғолиб» дар овоздиҳии муҳофизакорон якҷоя ширкат хоҳанд кард. То 5 сентябр тақрибан 200 ҳазор узви Ҳизби консерваторон дар саросари Британия бояд овоз диҳанд.

Дар даври қаблии интихоботи сарвазири ин кишвар раиси собиқи вазорати молия овози боз ҳам бештар ба даст оварда буд. Ба тарафдории Сунак 118 нафар  вакил овоз доданд.

Ёдовар мешавем, ки 7 июл сарвазири Британия Борис Ҷонсон, ки соли 2019 Тереза ​​Мэйро иваз кард, истеъфои худро аз мақоми нахуствазир ва раиси Ҳизби консервативӣ эълон намуд. Ин тасмим ба ҷанҷоли ҷинсӣ марбут аст, ки бар асари таъқиби мастӣ аз ҷониби ҳимоятгари ӯ, муовини ҳамоҳангсози фраксияи парлумонии Ҳизби консервативӣ Крис Пинчер ба вуҷуд омадааст. Дар баробари ин Ҷонсон таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз номзадҳоро ошкоро дастгирӣ намекунад.

 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE