Даргузашти Нур Табаров, нависанда, собиқ Вазири фарҳанги Тоҷикистон

Шаби гузашта рӯзноманигор, адиб, драматурги шинохта, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, собиқ Вазири фарҳанги Тоҷикистон Нур Табаров дар сини 81-солагӣ  аз олам даргузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.

Нур Табаров (Табаров Нурмуҳаммад)15 июли соли 1941 дар деҳаи Ғешии ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) ба дунё омадааст. Соли 1962 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 1970  факултети журналистии  Мактаби олии ҳизбии Маскавро ба итмом расонда, солҳои тӯлонӣ ба сифати корманди матбуот, аз ҷумла, ходими адабӣ, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», хабарнигори махсуси рӯзномаи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон, муҳаррири рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана», муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), муҳаррири ҳафтаномаи «Навиди бозаргон», ҷонишини муҳаррири моҳномаҳои «Фарҳанг»-у «Тоҷикистон» будааст.

Чанд сол вазифаҳои мудири шуъбаи тарғиботи Кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе ва мудири шуъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон, Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, ҷонишин ва раиси Иттиҳодияи «Тоҷиккино» ва сардори раёсати равобити байналмилалии Вазорати фарҳангро бар уҳда доштааст. Ҳамзамон сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» низ буд.

Солҳои 1987—1990 вакили парлумони Тоҷикистон, соли 2002 узви Шӯрои машваратии Академияи фарҳанги мамолики Осиёи Миёна интихоб шудааст. Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон, узви Иттиҳодияи ходимони театр ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1983)  буд.

Нур Табаров муаллифи беш аз понздаҳ маҷмӯаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳост. Аз соли 1960 ба эҷоди бадеӣ шуғл варзида, то имрӯз осори мансуру драмавии ӯ дар маҷмӯаҳои «Роҳҳои дуру наздик» (1977), «Ин баҳор чӣ меорад?» (1983), «Дарёи нур» (ҳамроҳи Раҷаб Мардон; (1985), «Дар чорсӯ» (1986), «Чорсӯ» (2000) ва ғайра дастраси хонандагон гардидаанд.

Драмаи «Дар чорсӯ» (1985) дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии академии драмавии ба номи Мулло Нафаси Ашқобод, театрҳои Кӯлобу Хуҷанд саҳнагузорӣ шудааст. Пйесаи «Мусичаро напаррон» (1987), драмаҳои таърихии «Қисмат (1997), «Дод чист, бедод чист?» («Паёми Зардушт»; 2001), «Жернова» (2003) ва фоҷиаи хурди «Тарс» (1998) дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Фонус», «Помир» ва «Тамыр» (нашрияи Созмони «Золотой век»-и Ҷумҳурии Қазоқистон) ба табъ расидаанд. Драмаи «Жернова» («Санги осиё») дар маҷмӯаи осори адибони Осиёи Миёна «Все мы, Азия, твои дети!» (2003) ҷой дода шудааст. Драмаҳои «Кафшҳои Абулқосим» (1982), «Охота на ведьм» («Шикори аҷинаҳо»; ҳамроҳи Т. Аҳмадхонов ва С. Юрев), «Дод чист, бедод чист?» («Паёми Зардушт»; 2001), «Последний вагон» («Вагони охирин»; 2001), фоҷиаиномаҳои «Тарс» (1998) ва «Хӯсаҳо» (2003) дар Театрҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва В. Маяковский пешкаши  тамошобинон гардидаанд.

Соли 1999 Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Толиб Шаҳидӣ «Амир Исмоил»-ро аз рӯи либреттои Нур Табар ва Низом Қосим ба саҳна гузоштааст. Драмаи мусиқӣ-этнографии ӯ «Духтари ҳамсоя»  соли 2001 дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии театрҳо сазовори баҳои шоистаи ширкатварон гардидааст.

Асарҳои А. Чехов «Се хоҳарон», И. Франко «Кафшҳои Абулқосим» (ҳамроҳи Л. Сотник), А. Чхеидзе «Вақте ки шаҳр хуфта буд», М. Шатров «Лавҳаҳои инқилобӣ», «Ба пеш, ба пеш!», А. Абдулин «Вопасин падаршоҳ», Ҳ. Синкер «Аждар Мартин», Т. Зулфиқоров «Шабпарак хоб дид», С. Хонзодян «Манзили сӯхта», шеърҳои мансури И. Тургенев, романи Г. Марков «Шарбати замин» (ҳамроҳи М. Шаҳобиддинов), «Панднома»-и Абайро ба тоҷикӣ гардондааст.

Барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон буда, бо медали Ҷумҳурии Қазоқистон «Остона» қадрдонӣ шудааст.

Моҳи майи соли 2021 дар мусоҳиба бо Радиои «Озодӣ» хабарнигор Искадари Фирӯз ба ӯ бо саволи зерин муроҷиат намуд: «Шумо ба сини 80 расидед. Агар Шумо бо Президенти Тоҷикистон вохӯред, ба ӯ чӣ гуфтание доштед?». Нур Табаров чунин посух дод: «Ман Президентро нағз мешиносам, он кас ҳам маро нағз мешиносанд. Чӣ гуфтан мехостам? Ман гуфтан мехоҳам, ки ҳамин сиёсати оқилона ва дурандешонаи худашонро идома диҳанд. Чунки пешрафти Тоҷикистони мо ба он вобаста аст. Барои ҳамин умрашон дароз бод, ман мехоҳам, ки ҳамеша сиҳату саломат бошанд!».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE