ДУ ТАРКИШИ МУДҲИШ АФҒОНИСТОНРО ТАКОН ДОД

Мақомоти маҳаллии Қандаҳор 7 декабр иттилоъ додаанд, ки дар ноҳияи Домани ин вилоят бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда 31 нафар, аз ҷумла 15 ғайринизомӣ захмӣ шуданд. Ҷамол Баракзай, сухангӯйи ситоди полиси Қандаҳор гуфтааст, ки таркиш ба бинои ситоди полис низ хисорот ворид кардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Мақомоти маҳаллӣ афзудаанд, ки ин ҳодиса замоне рух додааст, ки мошини тамғаи «Мазда» -и пур аз маводи тарканда дар назди идораи полиси ноҳия таркидааст.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯйи волии Қандаҳор Баҳир Аҳмадӣ изҳор намуд, ки дар натиҷаи таркиш 15 ғайринизомӣ, 9 корманди полис, аз ҷумла, сардори полиси ноҳия Абдулвадуд, ҳафт полис ва ду корманди амнияти миллӣ ҷароҳат бардоштанд.

Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон», масъулияти таркишро ба дӯш нагирифтааст.

Полиси Қандаҳор инчунин аз таркиш дар ноҳияи Ҷирии ин вилоят хабар додааст.

Ба гуфтаи полис, ҳамлагари маргталаб, ки мехост бо истифода аз мошини бомбгузоришуда ба неруҳои ҳукуматӣ ҳамла кунад, пеш аз расидан ба ҳадаф аз тарафи нерӯҳои давлатӣ маҳв карда шуд.

Дар ин рӯйдод нерӯҳои ҳукуматӣ талафот надидаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE