БАРГУЗОРИИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

Аз 24 то 29 августи соли 2023 дар Ҷумҳурии Қазоқистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки дар ҷараёни баргузории он 110 нафар намояндагони аҳли фарҳанг ва санъату ҳунари тоҷик ширкат менамоянд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ин доира 24 август дар шаҳри Остона, дар толори Холдинги миллии «QazBioPharm» мулоқоти аҳли илму адаби Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мегардад.

Шоми имрӯз дар толори “Kinopark 7 IMAX Keruen” маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои тоҷик бо намоиши филми бадеии “Рустам ва Суҳроб” (муаллифи сенария Г. Колтунов, коргардон Б. Кимягаров) оғоз мегардад.

Тибқи барнома 25 август дар шаҳри Остона бо иштироки вазирони фарҳанги Тоҷикистону Қазоқистон маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи олими тоҷику форс, файласуф, табиби оламшумул Абӯали ибни Сино баргузор мегардад.

Шоми 25 август бо иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар Театри давлатии опера ва балети «Астана Опера» Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон расман оғоз гардида, дар даромадгоҳи театр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва аксу мусаввараҳо дар назар аст.

Дар барномаи консертӣ Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Каримӣ Ватанмир, Исмоил Назриев, Раҳматулло Ҳошимов, Маҳмадалӣ Аюбӣ, ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ, Ҷовидон Нозимов, Носир Сафарзода, Муҳаммадрафии Кароматулло, ҳамчунин ҳунарпешагон Нозияи Кароматулло, Нигина Амонқулова, Шарофат Усмонова, Хақназар Аловатов, Ситораи Кароматулло, Фотима Машрабова ва ансамблҳои рақсии “Зебо”, “Гулрез”, “Парасту”, “Ҷаҳоноро” ва “Лола” ширкат меварзанд.

27 август дар шаҳри Чимкент дар конфронсзали «Ramada by Wyndham Shymkent» Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо вохӯрии Вазири фарҳанг ва аҳли илму адаби Тоҷикистон бо намояндагони тоҷикони муқими вилояти Туркистон идома меёбанд. Сипас, филми “Шинохти Саразм”, ки ба 5500-солагии Саразми бостон бахшида шудааст (муаллифон Шавкати Муњаммадї ва Тоњири Асрориён, коргардон Рустам Сатторзода), намоиш дода мешавад.

Бегоҳии ҳамон рӯз дар толори консертии «Туркистон» намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо ва консерти устодони санъати Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар доираи баргузории Рӯзҳо 29 август дар шаҳри Алмаато мулоқоти Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо намояндагони Иттифоқи нависандагони Қазоқистон баргузор мегардад. Инчунин дар Консерваторияи миллии Қазоқистон ба номи Курмангази вохӯрии композиторони тоҷику қазоқ ва дар театри санъати анъанавии «Алатау» намоиши филми бадеии «Оинаи беҷило» (коргардон Носир Саидов) доир мегарданд.

Ҳамчунин, дар даромадгоҳи театр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо ва консерти устодони санъати Тоҷикистон баргузор мегарданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE