Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд

Дар даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ва «Илм-фурӯғи маърифат» як гурӯҳ донишҷӯёну устодон ва кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намунавӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Донишҷӯи курси 3-юми факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатӣ Тоиршои Қадамшо дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» сазовори ҷои сеюм, докторанти Академия Манзура Шарифова сазовори ҷойи дуюм ва дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» донишҷӯйи курси 3-юми факултети идоракунии давлатӣ  Кайҳона Лутфуллозода аз номинатсияи «География» сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Ғолибон 14 октябр дар маросими ҷоизасупории даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ва «Илм-фурӯғи маърифат», ки дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Бояд гуфт, ки даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ва «Илм-фурӯғи маърифат» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар алоҳидагӣ аз рӯи номинатсияҳо баргузор гардид.

Озмунҳои мазкур  бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат гузаронида мешаванд. Ин  тадбири саривақтии Сарвари  давлат на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифат, малакаю ҷаҳонбинии сокинони ҷумҳурӣ, алалхусус насли наврасу ҷавон муосидат намуд, балки ба эҳёи анъанаҳои хуби ниёгон низ заминаи боэътимод гузошт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE