САДА САД РАҲ КУШОЯД СӮЙИ НАВРӮЗ …
Дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ як қатор иду ҷашнҳои бостонии мо, ки ба гӯшаи фаромушӣ рафта буданд, аз нав эҳё гардида, имрӯзҳо дар доираи васеъ истиқбол гирифта мешаванд.
Яке аз ҳамин гуна ҷашнҳои қадимаи мо Сада мебошад. Ба таъкиди олимони фарҳангшиноси мо иди Сада яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми форсизабон буда, он дар даҳаи баҳманмоҳ, ки дар солшумории имрӯзаи мо мутобиқ ба 30 январ аст, баргузор мешавад. Ин рӯзро гузаштагони мо Обонрӯз мегуфтаанд.
Бино ба таъқиқоти олимони мардумшинос, нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада марбут ба замони меҳрпарастӣ буда, таърихи хеле қадима дорад, ки ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Ба таъкиди фолклоршиноси маъруф Равшан Раҳмонӣ, доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ, устураҳои мансух ишора рафта, тавассути ин ду сарчашма он ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст.
Дар сарчашмаҳо таърихи пайдоиши ҷашни Сада ба таври гуногун шарҳ ёфтааст. Аксари донишмандони мо бар он назаранд, ки пайдоиши ин ҷашни қадимаи мо бо пайдоиши оташ алоқаманд аст. Дар баъзе аз сарчашмаҳо зикр рафтааст, ки бо пайдо шудани оташ мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб кардаанд. Ин, аз як тараф, ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед буда, аз тарафи дигар, ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кардааст.
Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва нуру рӯшноӣ асос гузошта, боиси он гардидааст, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш кунанд. Донишмандон бар он назаранд, ки дар гузаштаи дур ниёгони пешини мо зимни таҷлили ҷашни Сада рӯй ҷониби Хуршед оварда, барои беҳбудии рӯзгори хеш аз он мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор будааст, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногуни одамӣ барои рӯзгори худ маросимҳо меофариданд ва хушҳоливу зиндагии баъдиашонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост.
Алабатта, назарҳо дар бораи пайдоиш ва ташаккули ҷашни Сада гуногунанд. Вале, ба ҳар сурат, пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамуи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтаанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расонидаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад.
Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ, ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Ҳурмузду Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро ҳама ё тобистони бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз оғози фарвардин баробар ба 21 – ум ва гоҳе 22 – юми моҳи март шурӯъ шуда, то охири моҳи меҳр (мутобиқ ба 22 – юми октябр) идома меёфт. Дуюмиро зайана [zayana] – зимистони бузург мегуфтанд, ки аз аввали моҳи обон, баробар ба 23 октябр сар мешуд ва то поёни моҳи исфанд, мутобиқ ба 20 мартро дар бар гирифта, 150 рӯз идома меёфт.
Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг – шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст:
Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ӯ сӯйи мор санг меандозад, вале санг бар санги дигар бархӯрда, аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта, дар атрофи он хурсандӣ мекарданд ва онро муқаддас медоштанд. Ба ҳамин хотир ҷашни Садаро ҷашни оташ низ мегуфтаанд.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини зардуштӣ аз 3000 то 5000 сол пеш мавҷуд будааст. Дар оини зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Пешгузаштагони мо дар ин рӯз ҷашн ороста, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва дар гирди он рақс мекарданду суруд мехонданд. Сада то асри 12 ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он – гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад. Ба таъкиди донишмандон, ҷашни Садаро гузаштагони миллати куҳанбунёди мо ҳамчун рамзи паси сар шудани сад рӯзи зимистон, яъне гузаштани сардиҳо таҷлил менамудаанд.
Шарҳи мафҳуми Сада низ дар сарчашмаҳо ба таври гуногун арзёбӣ мешавад. Дар забони авастоӣ ин вожа маънои “баромадан ва тулӯъ кардан” – ро доштааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» ёд мешавад. Гуфта мешавад, ки гузаштагони мо нахустин рӯзи зимистонро пас аз Шаби ялдо тавлиди дигаре барои Хуршед ё Меҳр медонистанд ва онро ҳамоҳанг дар даҳумин ва чиҳиллумин рӯзи тавлиди ойини куҳан ва зиндаи эронӣ медонистанд ва дар ҳамаи сарзаминҳои эронӣ ҷашн мегирифтанд.
Оид ба истилоҳи «Сада» фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада менависад, ки «Сада вожаи форсӣ аст. Дар паҳлавӣ он бояд ба шакле аз ин ашкол: сат [sat], сатаг [satag], садҳаг [sadhag], садҳ [sadh], сата [sata] бошад. Дар форсии миёна ва форсии бостон ва Авасто ба ҳар ҳол вожаи сата ба маънии сад, адади сад мебошад, чунонки дар форсӣ низ сада ба маънии сад сол дар баробари қарн ба кор меравад». Донишмандони мо ҳам дар шарҳи ин мафҳум асосан калимаи садро ба ёд меоранд ва вақти таҷлили ин ҷашни бостониро сад шабонарӯз мондан то ҷашни Наврӯз зикр мекунанд.
Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегиранд. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст, ки дар даҳумин рӯзи баҳманмоҳ ё Обонрӯз бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум, аз пагоҳӣ дар назди хонаи худ ё дар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишораҳои таърихӣ зикр меравад, ки ин ҷашн ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо гирдиҳамоии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо афрӯхтани оташ баргузор мешудааст. Ба ин тартиб, Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон арзёбӣ мегардад.
Ба таъкиди муҳаққиқон аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштаанд. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вежа русҳо, ҳамчун ҷашни “масленница”, роиҷ будааст. Ҳамин тавр, ниёкони мо чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман, чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро ба таври густарда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.
Аз сарчашмаҳо бармеояд, ки дар гузашта ниёгони мо ҷашни Садаро дар замоне баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим, дар ин вақт сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмуз меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд.
Ба гуфти бархе аз донишмандон, ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманист, хушҳолӣ мекарданд.
Мавриди зикри хос аст, ки баъди расидан ба истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихию фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос.
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дуруст қайд мекунанд, ки бо шарофати истиқлолият ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин, муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад.
Дар баробари ин, Пешвои миллат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯза дуруст аз бар намоянд ва ба он сидқан арҷ гузоранд.
Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносию мардумшиносӣ дар ҷумҳуриамон бо диди нав оғоз шуд ва расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврӯз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Наврӯзу Меҳргон ба таҷлили ҷашни Сада низ дар кишвар таваҷҷуҳ намуда, дар яке аз баромадҳояшон гуфта буданд, ки « … барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад». Ҳамин таваҷҷуҳи Сарвари давлат буд, ки имрӯз ин ҷашни аҷдодии мо чун Наврӯз ва Меҳргон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад ва суннатҳои қадимаи он зина ба зина эҳё мегарданд.
Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад буйи Наврӯз.
Бахтиёр ЗОИРИЁН,
Хуршед БАРИЕВ,
Фирӯз КАРИМЗОДА,
«Садои Душанбе»