Ташрифи ҳайати Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон

17 июли соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин муовини мудири департаменти Хадамоти амалиёти берунаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо Россия, Шарикии Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва САҲА Люк Девинро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз ВКХ хабар доданд.

Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин, дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо табодули афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE