БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. “ТОҶИ ШАРАФ БА САР ДОРАД, ЗАБОНИ ТОҶИКӢ”

Танҳо забон аст, ки дар  ҳама давру замон  таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи  худ нигоҳ медорад.

Эмомалӣ  Раҳмон

Воқеан ҳам, боиси ифтихор ва шарафмандӣ аст, ки миллати тоҷик дар моварои таърих беҳтарин ганҷинаи ҳастии худ –забонро ба ояндагон поку бегазанд эҳдо намуд. Ин сарвати бебаҳо,  арзишмандтарин  сарчашмаи  мероси гузаштагони тоҷик забони модарии мо –  забони тоҷикӣ, забони давлатии мост.

Ҳастии ҳар як халқу миллат  ба забони  у  марбут   аст. Тоҷикон  беш аз ҳазор сол аст, ки бо забони шевои тоҷикӣ сухан мегӯянд. Шоирону олимон ва фарзонагони тоҷик дар тули таърих  маҳз бо ин забон асар эҷод кардаанд. Ин асарҳо забони моро мондагор гардониду онро инкишоф  дод.

Дарвоқеъ, забони тоҷикӣ,  нигоҳдорандаи фарҳанг  ва  асолати миллии мост. Дар тули таърих, мардуми тоҷик агарчӣ зарби тохту тозҳои аҷнабиёнро  хӯрд, аммо забонашро  гум накард.

Тоҷ гум карду  забонро гум накард,

Оҷ гум карду  забонро  гум накард.

Агарчӣ  масъалаи  истиқлолхоҳии забон ва гиромидошти  он, дар ҷомеаи  муосири  тоҷикон  ҳануз  дар даврони  шуравӣ ба  амал омада буд, аммо  Истиқлолият  ба он ҷони тоза бахшид.

Мардуми  тоҷик  дар даврони  соҳибистиклолӣ  ба он ноил гардид, ки арзишҳои  милливу  фарҳангии дар замони  шуравӣ  ба  гушаи  фаромушӣ рафта ва дар  ҳоли  маҳвшавӣ  қарордоштаро  эҳё  намояд.

Маҳз бо кушишу талошҳои  фарзонафарзанди  тоҷик  соҳибзабони асил Президенти  Ҷумхурии    Тоҷикистон, Пешвои миллат муњтарам   Эмомалӣ  Раҳмон  забон  пуштибони худро ёфт ва мақоми  он  дар ҷомеа ҳамчун  забони  давлатӣ  баланд  гардид. Имрӯз  ҷаҳониён  тоҷиконро  ҳамчун  миллати соҳибзабону  бофарҳангу  соҳибтамаддун мешиносанд.

Дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки  фаъолияти барозандаро касб кардааст.

Қабули  Қонун дар бораи забон  ва  таҳияву  амалинамоии  Барномаҳои давлатӣ  дар самти  густариши  забони  давлати  далели  таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллатамон арзёбӣ  мегардад. Иқдомоти  хирадмандонаву  ватанхоҳонаи  Пешвои  миллат шоистаи  арҷгузории  ватандорону  ватанхоҳони  асили кишвар  буда, дар роҳи  худшиносии  миллӣ  ва  давлатсозиву  башардустии  ҷомеаи  навини Тоҷикистон  шоистаи  эътибори  баланди  мардум  гардидааст.

Арҷгузорӣ  ба муқаддасоти миллӣ махсусан забону адабиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик дар даврони Истиқлол беш аз пеш  афзуда, барои ривоҷу равнақи  забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам омадааст  ва барои ба нафъи  миллат истифода бурдани забон аз  зиёиён то соҳибкорон ва  дигар қишрҳои ҷомеа  бояд кушиш ба харҷ  диҳанд.

Махсусан ба нашр расидани китоби “Забони миллат -ҳастии миллат”-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳқиқу  омӯзиши  таърихи забони тоҷикӣ  ва омилҳои  сиёсиву  фарҳангии  инкишофи забони тоҷикӣ дар давраҳои  муайяни таърихӣ, заминаҳо ва марҳилаҳои рушди забони тоҷикӣ,  аз падидаҳои  хуби арҷгузорӣ  ба фарҳангу забони милллии мост. Асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат -ҳастии миллат” бо нигоҳи комилан  тозаи илмӣ ба омилҳои инкишофу ташаккул, рушду таҳаввули забони миллӣ ва сайри таърихии он дар заминаи осори мӯътамаду мӯътабари  марбути соҳа, дар қиёс бо ахбори сарчашмаҳои  адабию таърихии асримиёнагӣ таълиф шудааст.

Забони тоҷикӣ ҳамчун таҳкурсии адабиву фарҳангӣ кулли сокинони Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад, зеро василаи ягонаи муколама миёни қишрҳои ҷомеа аст. Рушду такомули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад, зеро истиқлоли забонӣ пояи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ маҳсуб мешавад.

Нақши забон дар ташаккули миллат назаррас буда, ҳеҷ самти ҳаёти ҷомеа дар канор аз забон пеш намеравад. Хушбахтона, миллати сарбаланди тоҷик тавонистааст, ки забонро ҳамчун  ганҷинаи бемисли хеш дар радифи дигар ёдгориҳои маънавӣ ҳифз намояд ва онро ба шакли равону шево то имрӯз рушд диҳад. Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад, ки ин аз қудрату тавоноии он дарак медиҳад.

Дар самти густариши забони ноби тоҷикӣ ба  нашр расидан ва тақсимоти ройгони китоби аллома Бобоҷон  Ғафуров аз иқдомоти шоистаи дигари Пешвои раъиятпарвару соҳибзабони тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мешавад. Ин китоб бо забони содаву равон нигошта шудааст, ки ҳар як аъзои оила метавонад аз он баҳраманд шавад.

“Тоҷикон”-и  Бобоҷон Ғафуров бозгӯи таърихи  қадим, асрҳои миёна ва замони нав мебошад. Мутолиаи он ба ҳар як фарзанди тоҷик забон меомӯзаду аз ҷоннисориву кишварсозиҳои гузаштагони пурифтихори тоҷикон қисса намуда, хонандаро дар рӯҳияи поки ватандорӣ тарбият менамояд.

Вазифаи ҷонии мо соҳибзабонон аст, ки забони модариро бегазанд ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Забонамонро густариш диҳем, эътибори онро дар ҷомеа баланд бардорем.

Хушбахтона, солҳои охир  соҳибкорони мо низ бо масъулияти зиёд ҳангоми номгузории корхонаву маҳсулоти истеҳсолкардаи худ  вожаҳои тоҷикиро зиёд истифода мебаранд. Корбурди вожаҳои тоҷикӣ дар истеҳсолот зиёд ба чашм мехурад. Ин раванд аз   эътибори  баланди забон дар ҷомеа дарак медиҳад.

Имрӯз забони давлатии мо забони модарии мост. Забони коргузориву  ҳуҷҷатнигорӣ, забони шеъру китоб ҳамон забони ҳазорсолаи тоҷикист. Гузаштагони мо дар ҳама давру замон ин ганҷинаи бебаҳои таърихиро ҳифз кардаанду гиромӣ доштаанд.

Фирӯз КАРИМЗОДА,

сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”

Дилбар ИСМАТОВА,

корманди радиои “Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE