Ҷамолиддин Каримов: агар варзишгар устоди кордону ботаҷриба ҳам дошта бошад, вале …

Ҷамолиддин Каримов варзишгари риштаи дастхобонист. Ӯ ҳадафгузоштанро дар назди худ беҳтарин василаи дастболо шудан медонад. Аз ин рӯ, пеш аз оне, ки вориди сабқат мешавад, назди худ ҳадаф мегузорад, то тамоми қувваи худро сафарбар бар он созад, ки  дасти ҳарифро хобонад ва ғолиби мутлақи мусобиқа гардад. Ана, ҳамин ҳадафмандии ӯ боис гашт, то дар чандин сабқатҳои ҷаҳонӣ муаррифгари номи Тоҷикистон бошад.

Тӯли 7 сол аст, ки Ҷамолиддин дар ин намуди варзиш зӯри бозу санҷида, унвони “Устоди дараҷаи байналмилалӣ” – ро мушарраф гашт. Ӯ аз овони хурдсолӣ иштиёқманди варзиш буд. Дар аввал ба гӯштин шуғл дошт ва дар ин намуди варзиш ҳам дастовардҳои зиёдеро соҳиб гашт. Баъдан, ба вазнбардорӣ шавқ пайдо кард ва нерӯю тавонмандии худро дар бардоштани сангҳои гаронвазн санҷидан мехост. Аз уҳдаи ин намуди варзиш ҳам ба хубӣ баромад ва дар мусобиқаҳо зинаҳои ифтихорӣ ҳамеша насибаш мешуд. Мутассифона, ҷароҳати вазнине, ки зимни мусоибақа бардошт, ӯро аз ин ришта дур намуд. Сипас, рӯ овард ба яке аз намудҳои маъмули варзиш бо номи дастхобонӣ ва дар камтарин фурсат дарк намуд, ки ин намуди варзиш бештар писанди ӯст.

Тақрибан, 9 сол муқаддам Ҷамолиддин ба варзиши дастхобонӣ шурӯъ намуда буд. Ин риштаи варзиш дар оғоз барояш басо аҷиб намуд ва гумон мекард, ки танҳо бо кувва метавонад дасти ҳарифро хобонад, вале ин гумонаш хом баромад. Устодонаш ҳамеша мегуфтанд, ки ин  варзиш дар назари аввал осону содда намояд ҳам, ин тавр нест. Ин намуд ҳам мисли намудҳои дигари варзиш аз варзигар огоҳӣ ва чусту чолокӣ, заковату идрок мехоҳад. Чун чандин усулҳои хос дорад, ки дар сурати надонистану риоя накардани онҳо, наметавон дастболо гашт.

Тамринҳои пайваста меҳри қаҳрамони моро ба ин намуди варзиш, афзун намуд.  Дар муддати на чандон зиёди тамрин, иҷозати ширкат дар “Чемпионати Тоҷикистон” – ро ба даст овард. Дар ин сабқати ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи сеюм гардид. Ҷамолиддин дар ин мусобиқа пай бурд, ки танҳо қувва наметавонад асоси муваффақият бошад ва ӯро мебояд тамринҳои зиёд намояду усулҳои бештарро аз бар кунад, то ки муваффақият насибаш гардад. Боз ҳам назди худ мақсад гузошт ва дар роҳи расидан ба он камарашро мустаҳкамтар баст.

Қаҳрамони мо бо талошҳои пайвастааш шаш маротиба унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” – ро ба даст овард. Ширкат дар сабқатҳои фаромарзӣ низ ба ӯ муяссар шуд ва қувваашро бо ҳамтоёни хориҷии худ санҷида, ҷойҳои намоёро соҳиб гашт. Беҳтарин ва хотирмонтарин қувваозмоии Ҷамолиддин ширкат дар “Ҷоми ҷаҳон – 2019” буд, ки дар шаҳри Барселонаи Испания баргузор гардид ва дар он зиёда аз 5 ҳазор варзишгари пурқудрату тавонманд ва 10 ҳазор мухлисону дилбохтагони ин риштаро аз давлатҳои гуногуни олам ба ҳам оварда буд.

Дар ин сабқати фаромарзӣ Ҷамолиддин нахустин намоянда аз Тоҷикистон буд, ки соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гашт. Тамоми варзишгарони дунё ба ҷасорату тавонмандии ин варзишгари тоҷик қоил шуданд, чун ин ҷавони тоҷик дар миёни чандин варзишгарони касбию ботаҷрибаи ҷаҳон қувваозмоӣ намуду унвони “Қаҳрамони ҷаҳон” – ро ба даст оварда буд.

Мақсади асосии Ҷамолиддин бо кадом воситае набошад, муаррифӣ кардани Тоҷикистони азизаш буд ва ба ин ҳадафаш расид. Ҳангоми парафшон шудани парчами миллӣ ва садо додани суруди миллӣ, ҳисси ватандӯстии қаҳрамони мо боз ҳам боло гирифт ва ашки шодӣ дар чашмонаш ҳалқа зад.

Ҷамолиддин афзуд, ки тартиби асосӣ дар намуди дастхобонӣ дасти ҳарифро бо усулҳои хос рӯйи миз хобондан мебошад. Як аҷоибии ин намуди варзиш дар он аст, ки ҳатто агар ҷуссаи хурду дастони лоғар ҳам дошта бошӣ, метавонӣ ба рақиби пурқуввату бузургҷуссаи худ ғолиб гардӣ, албатта агар аз тарзу усули хоси он, кор бигирӣ. “Варзишгаре, ки ҳадаф надошта бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ на танҳо дар варзиш, балки дар зиндагӣ ҳам нокомиҳо дунболагираш мешаванд. Зиндагӣ мисли майдони варзиш ҷойи муборизаҳост. Танҳо шахси ҳадафманд метавонад пирӯз гардад. Ҳадаф бояд ҳамеша нишонрас бошад. Ҳадаф худ қадами матинест ба сӯйи муваффақиятҳо”, – мегӯяд дар идомаи суҳбат Ҷамолиддин Каримов.

Ҷамолиддин имрӯзҳо ба ҳайси “Устоди варзиш” фаъолият мекунад ва дастпарварони зиёд дорад. Ӯ мегӯяд, ки рисолати мураббӣ на танҳо тамрин додан аст, балки тарбия намудани шогирдон, дар роҳи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва бедор кардани ҳисси худшиносӣ дар ниҳоди онҳо мебошад, то ки ба хотири баланд бардоштани номи меҳан дучанд талош намоянд. Ҷамолиддин ба хотире, ки меҳри шогирдонаш ба варзиш бештар гардад, худ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад, то ки барои онҳо сабақе шавад ва бо пайравӣ аз ӯ ба муваффақиятҳои чашмрас ноил гарданд.

Ҷамолиддин Каримов иброз дошт, ки дастхобонӣ сол то сол дар кишвар рушд намуда истодааст. Варзишгарони ин ришта дар сабқатҳои сатҳи ҷаҳонӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Барои таҷрибаи варзишгарон зиёд гаштан, теъдоди мусобиқаҳо бештар гардидааст ва ҷавонони зиёде рӯ ба ин намуди варзиш овардаанд. Мутаассифона, сафи варзишгарон дар ин намуд аз шумораи бонувон камтар аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари бонувони варзишкоре, ки рӯ ба дастхобонӣ овардаанд, берун аз кишвар маҳорати хуб нишон дода, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштаанд.

Ҷамолиддин бар ин назар аст, ки мушкилиҳо дар ҳама намуди варзиш вуҷуд дорад. Дар вақти тамрин варзишгар метавонад ҷароҳат бардорад, аммо ин набояд, баҳонае барои даст кашидан аз варзиш бошад. Варзишгари асилро ана ҳамин мушкилиҳои роҳи интихобнамудааш обутоб медиҳаду ҳам танашро ва ҳам рӯҳашро мисли пӯлод сахту матин намуда, омодаи истодагариҳову устувориҳо месозад. Мушкилот роҳи комёбиҳоро наздиктар менамояд, албатта дар сурате, ки иродаи матину шикастнопазир дар вуҷуди варзишгар бошад.

Ҷамолиддин бар ин ақида аст, ки агар варзишгар устоди кордону ботаҷриба ҳам дошта бошад, вале таҷрибаи кофӣ надошта бошад, ҳеҷ гоҳ муваффақ нахоҳад шуд. Таҷрибаро метавон дар натиҷаи тамрини мунтазам ва ширкат дар мусобиқаҳо ба даст овард.

“Беҳтарин роҳи пешгирии бемориҳо ба варзиш машғул шудан аст. Шахсе, ки мунтазам ба обутоби бадан машғул аст, на муҳтоҷи табиб асту на дорую дармон. Аз ин рӯ, фардоро интизор нашуда, аз ҳамин рӯз ба тамрин машғул шавед”, – чунин тавсия медиҳад Ҷамолиддин.

Боварии комил дорем, ки Ҷамолиддин бо талошҳои зиёду кӯшишҳои пайвастаи худ дар рушди ин намуди варзиш дар кишварамон камари ҳиммат мебандад. Ба ӯ дар амалӣ гаштани ҳадафҳояш комёбӣ таманно дорем!

Адолат САНГИНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE