Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода дар мавзуи «Боқӣ Раҳимзода ва муҳити адабии садаи ХХ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.

Тавре аз ин донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиш  дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат бо иштироки доираи васеи олимон ва шоирону нависандагон гузаронида шуд.

Зимни конференсияи илмию амалӣ иштирокчиён аз нақши мондагори устоди зиндаёд Боқӣ Раҳимзода дар рушду нумуи адабиёт, баланд бардоштани тафаккури миллӣ ва маҳбубияту маъруфияти шоир дар байни ҳаводорони шеъру шоирӣ ёдовар шуданд.

Иброз гардид, ки ашъори дилангези Боқӣ Раҳимзода як навъ бозтоби маънавият, ахлоқ, суннат ва дар маҷмуъ тафаккури миллии тоҷикӣ аст. Ҳамин аст, ки нақши шоири ватансаро дар рушди маънавиёти ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ ниҳоят барҷаста аст.

Иштирокчиён дар мавзуъҳои «Оини бародархондагӣ», «Ҳикматҳои мардумӣ дар осори Боқӣ Раҳимзода», «Ҳунари шоирии Боқӣ Раҳимзода», «Боқӣ Раҳимзода-тарбиятгари наслҳо» ва «Боқӣ Раҳимзода дар таҳқиқоти Иржи Бечка» маъруза намуданд.

Шеърҳои аввалини Боқӣ Раҳимзода аз охири солҳои 30-юми асри гузашта чоп шудаанд. Ӯ дар баробари шоири ҳақиқӣ инсони бузург ва тарбиятгари шоирони ҷавон низ буд. Аз соли 1948 то охири ҳаёташ вазифаи мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Боқӣ Раҳимзода 30 январи соли 1980 аз олам даргузашт.

Эҷодиёти шоир бою рангин буда, шеърҳои аввалинаш охири солҳои 30-юми асри гузашта чоп шудаанд. Соли 1945 маҷмуаи аввалинаш бо номи «Ба фронт» чоп шуд. Баъдан китобҳояш «Иди Ғалаба» (1946), «Солҳои оташин» (1948), «Барги сабз», «Ҳаёт ва сухан» (1955), «Чашма» (1957), достони «Роҳи нури Офтоб» (ҳамроҳи Мирзо Турсунзода, 1964), «Роҳи тайшуда» (мунтахабот, 1966), «Илҳом» (1973), дуҷилдаи «Осор» (1975—1976), «Шохаи гул» (ба форсӣ, 1979), дуҷилдаи «Осор» (1982—1983) ва «Шеъру достонҳо» (1983) ба табъ расидаанд. Драмаҳои «Қиссаи Таърифхӯҷаев» (ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ, 1953), «Дар сояи шипанг» (ҳамроҳи Муҳаммадҷон Рабиев, 1954), «Гаҳвораи тилло» (ҳамроҳи Саидсултон Саидмуродов, 1956) ва «Сияҳсувор» (1974) дар театрҳои ҷумҳурӣ ба саҳна гузошта шудаанд.Ёдовар мешавем, ки 115-солагии шоир дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, таҷлил карда мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE