Намояндаи Тоҷикистон дар Конференсияи III байналмилалии Минск оид ба амнияти АвруОсиё иштирок намуд

28 октябр дар пойтахти Беларус ҷаласаи пленарии Конференсияи III байналмилалии Минск оид ба амнияти АвруОсиё баргузор шуд, ки дар он муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода иштирок намуд. Дар ин бора аз  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  дар ҷаласа  иброз дошт, ки таҳкими эътимод, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии бисёрҷониба омили муҳим дар таъмини сулҳи пойдор ва суботи устувор дар фазои АвруОсиё ва дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад.

Фаррух Шарифзода ёдовар шуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» ва ташаббуси эълони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба манфиати наслҳои оянда» дорои аҳамияти саривақтӣ ва фарогири ҷаҳонӣ мебошанд.

Инчунин таъкид гардид, ки ин ташаббусҳо ба муттаҳидсозии кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалӣ баҳри таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо, тақвияти амнияти глобалӣ ва пешбурди фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод равона шудаанд.

Баён шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд бо ҳамаи шарикони минтақавӣ ва байналмилалӣ омода мебошад ва минбаъд низ дар таҳкими суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми фаъол хоҳад гузошт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE