Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон — ватани Наврӯз аст»

Имрӯз дар Мактаб-интернати №4-и шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастаги бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон — ватани Наврӯз аст» баргузор гардид.
Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни куҳанбунёди ниёгон рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати мардум ба шумор меравад. Ба гуфтаи ӯ, таҷлили ин ҷашни бостонӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE