РАДИОИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон барои рушди воситаҳои ахбори омма заминаҳои муносиб ба вуҷудомад. Ҳодисаи фараҳбахшу таърихӣ дар соҳаи радиои тоҷик, ин бо ташаббуси раиси вақти Кумитаи телевизион ва радио Сайф Раҳимзоди Афардӣ 18-уми январи соли 1999 таъсис ёфтани шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» гардид, ки минбаъд ғояи ташкили шабакаҳои дигари радиоиро ба миён овард.

Шабакаи навтаъсиси «Садои Душанбе» бо низоми муосир ва диди нав аз рўзҳои аввал тавонист ба дили шунаванда роҳ ёбад ва имкониятро барои интихоби радио ба шунаванда фароҳам орад. Дар баробари ин, таваҷҷуҳ намудан ба мушкили иҷтимоии мардум ва бозгў намудани воқеоти рўзгори онҳо, маҳбубияти Шабакаро якбора баланд намуд. Метавон гуфт, ки барои радиои «Тоҷикистон» як рақиби арзанда ташаккулёфт ва минбаъд рақобати солими онҳо боиси пешрафти кори ҳарду радио гардид.

Муваффақияти асосии шабакаи навтаъсис дар он буд, ки кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва кордоне ба монанди Беҳрўзи Забеҳулло, Сурайёи Шуҷоат, Гулнора Насриддинова, Аҳлиддини Тоҳир, Раҳмон Мирализода, Қурбон Тусафӣ, Темур Бандишоев, Зиёратшоҳи Аҳмадзод, Фазилати Иброҳим, Зиёвуддини Нурзод, Сайфуллои Бозор, Шариф Мисайзод (рўҳаш шод бод) ва даҳҳо нафар журналистони кордон дар солҳои аввали таъсиси шабака бо диди нав пайи эҷод қарор доштанд. Журналисти соҳибтаҷриба Сафаргул Олимӣ ба ин гурўҳи кордон роҳбарӣ мекард, ки натиҷаҳои назаррас меовард. Беҳтарин барномаҳои он солҳо, ки то ҳол кормандон ва шунавандагони ҳамешагии радио аз онҳо ёдоварӣ менамоянд, «Сиёҳу сафед», «Ҳафт ахтар», «Арзу тўли иқтисод», «Маърифати шаҳрвандӣ», «Хонавода», «Мизон», «Ангеза», «Интизорӣ», «Дугонаҳо» «Зиндагии паси саҳна», «Ошиқони Хуршед», «Дурахши ситораҳо» ва ғайра мебошанд.

Беш аз 20 сол аст, ки «Садои Душанбе» дар қаламрави мамлакат фаъолият дорад. Агар аз як ҷиҳат бурди шабака дар кадрҳо бошад, аз тарафи дигар, формати пахши он мебошад, ки писандидатарин формат барои шунаванда аст. Яъне, шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» дар формати иттилотиву фароғатӣ фаъолият мекунад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шунаванда бештар мехоҳад бо журналист ва умуман бо радио дар робита бошад. Нисбат ба воқеияти ҷомеа бетараф набошад. Фикри худро гўяд. Маҳз ҳамин имкониятро «Садои Душанбе» тавассути барномаҳои мустақим ба шунавандафароҳамовардааст. Бо боварӣ метавон иброз дошт, ки барномаҳои мустақим беҳтарин роҳи нигоҳ доштани шунаванда дар мавҷи радио ба ҳисоб меравад.

Имрўз низ барномаҳои ҷолибу шуниданӣ дар шабакаи «Садои Душанбе» хеле зиёданд. Шуниданӣ ба он далел, ки мухлисон ба ин ё он восита дар барнома иштирок мекунанд, савол медиҳанд, назари худро пешниҳод мекунанд ва роҳи ҳалли мушкилашонро аз барномаҳо меҷўянд. Барои мисол, барномаи «Ҳуқуқи шумо» наздики 20 сол аст, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тавсияву пешниҳодҳои ҳуқуқӣ додан ба шунавандаҳо, ҳалли мушкилионҳо ва ғайра нақши калон дорад.

Барномаҳои «Чашмидил» ва «Гар дасти фитодае бигирӣ» бошадравшанзамирону дигар гурўҳҳои маъюбу эҳтиёҷмандро ба зиндагӣ дилгарм сохт. Ба равшанзамирон, ки аксаран эҷод кору ҳунарманданд, минбардод. Муаррифиашон кард. Бо мусоидати шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» мушкили дастрасӣ ба заминҳои наздиҳавлигӣ, нафақа, обу замини киштвадигармасъалаҳои ҳалталаби чунин гурўҳҳои ниёзманд ҳалли худро пайдо намуданд.

Ҳайати эҷодиву техникии шабакаи «Садои Душанбе» имрўз пайи иҷрои рисолати асосии худ – расонидани иттилоъ, фароғат бахшидан ба шунаванда, таҳлили вазъи соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ қарор доранд. Барномаҳои «Муошират», «Нигоҳи рўз», «Чеҳра», «Ҳадиси зан», «Ҳадаф», «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе», «Муждаҳои Истиқлол», «Асри дақиқ», «Навои дилошўб», «Мўъҷизаи савту наво», «Фарҳанг – ҳастии миллат», «Ҳамсадо», «Маҳорат», «Барги сабз», «Суфраи шом», «Чашми саҳар», «Сарзамини ҷовид», «Ҳунар аз молу мероси падар беҳ», «Соядаст», «Хабар», «Бахши русӣ», «Маърифати шаҳрвандӣ», «Фирдавс ин ҷост», «Ҷилои ҳунар», «Дунёи ҷавонӣ», «Тоҷикистон», «Этикет», «Садо аз русто» ва ғайра маҳсули эҷоди онҳост. Иштироки фаъолонаи шунавандаҳо дар барномаҳои мустақим гувоҳи он аст, ки шабакаи «Садои Душанбе» мавқеашро чун пештара пойбарҷо нигоҳ доштааст.

Радиоро имрўзҳо нафарони зерин ташкил медиҳанд: Каримзода Фирўз, Гулнора Насриддинова, Низорамоҳ Ғаниева, Сангиной Тиллозода, Маҳмуд Аёзов, Зафар Абдурауфов, Алишер Шералиев, Раъно Файзова, Раъно Валиева, Сайфулло Бозоров, Неъмат Давлатов, Бахтиёр Зоириён, Дилбар Исматова, Сатторзода Тоҷиддин, Нигора Раҳимова, Хуршед Бариев, Нигина Давронзод, Норинисо Абдуллоева, Мамлакат Табарова, Лутфия Бобиева, Раҳматуллои Раҳим, Зевар Хоҷаева, Мижгонаи Насриддин, Ҷаҳоноро Шоқурбонова, Таманно Ҳаитзода, Мадина Юсупова, Зулайхо Сафарова, Аминзода Бахтовар, Манзура Шарипова ва гурўҳе аз ҷавонон.

Хулоса, шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» дар фаъолияти Радиои «Тоҷикис­тон» таҳаввулоти бузурги сохториву муҳтавоӣ ба миён овард. Дар зери қаноти он ба воя расида, дар тарғиби сиёсати давлату Ҳукумат гомҳои устувор гузошт. Имрўз «Садои Душанбе» ба як дастгоҳи идеологӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мубаддал гардидааст.

 

Мансур ШОҲИЁН,

Муовини авали директори Радиои «Тоҷикистон»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE