Муносибати Вашингтон бо Москва боз бад мешавад?

Киштиҳои ҷангии ИМА, ки мебоист дирӯз аз тариқи гулугоҳи Босфор ба Баҳри Сиёҳ ворид мешуд, дар Баҳри Миёназамин бозмонданд. Дар ин бора баТАСС” як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Туркия хабар додааст.

Сафорати ИМА дар Туркия низ ин иттилоъро тасдиқ кардааст. Қаблан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифта буд, ки дар ҳафтаҳои наздик барои дастгирии Украина киштиҳои ҷангии худро ба марзҳои Росия мефиристад. Ин рӯйдоди охиринро коршиносон як навъ таҳкими муносибатҳо миёни ИМА ва Русия арзёбӣ мекунанд.

Қазияи вуруди киштиҳои низомии ИМА ба соҳилҳои Баҳри Сиёҳ дигарбора мояи нигаронии Русия гардид. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Туркия, ду киштии ҷангии амрикоӣ аз 14 – 15 апрел то 4 – 5 май дар Баҳри Сиёҳ хоҳанд монд. Вашингтон Анқараро дар бораи фиристодани киштиҳояш ба Баҳри Сиёҳ 15 рӯз пеш аз санаи пешбинишуда ба хотири мусоидаташ ҷиҳати ворид шудан ба василаи гулугоҳи Босфор огоҳ карда буд. Дар навбати худ Туркия ба иштирокчиёни Конвенсияи Монтре дар бораи аз Баҳри Миёназамин ба Баҳри Сиёҳ гузаштани киштиҳои ҷангии ИМА ва баръакси он огоҳинома фиристод. Аммо, дирӯз бо чи сабаб бошад, ки киштиҳои ҷангии Амрико Баҳри Сиёҳро убур накарданд. Пентагон аз шарҳи ин хабар ба РИА “Новости” худдорӣ кардааст.

Қаблан, як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Туркия ба РИА “Новости” иттилоъ додааст, ки сафорати ИМА дар Анқара Туркияро огоҳ кардааст, ки қарори убури ду киштии ҷангии онҳо аз Босфор ба Баҳри Сиёҳ бекор карда шудааст. «Мо аз гузоришҳо дар бораи киштиҳо огоҳ ҳастем, аммо ба далелҳои амниятӣ ҷузъиёти онро баррасӣ нахоҳем кард. Мо мунтазам аз Баҳри Сиёҳ ва дигар минтақаҳо гузар мекунем», – гуфтааст Пентагон.

Ба гуфтаи сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби, амалиёти киштиҳои ҷангии Амрико дар Баҳри Сиёҳ “мунтазам” аст. Иёлоти Муттаҳида ин амалҳоро дар доираи Конвенсияи Монтре бо мақомоти Туркия ҳамоҳанг мекунад. Тибқи гузориши телевизиони “CNN”, Кохи Сафед дар бораи фиристодани нерӯҳои низомӣ ба Баҳри Сиёҳ барои дастгирии Украина дар ҳафтаҳои наздик тасмим хохад гирифт. Пентагон ин маълумотро тасдиқ накардааст. Таъхир дар вуруд шудани киштиҳои ҷангии ИМА ба Баҳри Сиёҳро натиҷаи гуфтушуниди президенти ИМА Ҷо Байден ва президенти Русия Владимир Путин арзёбӣ кардан мумкин аст, – гуфтааст мудири кафедраи менеҷмент ва технологияҳои иҷтимоии Институти шимолу ғарбии РАНЕПА Инна Ветренко.

Ба гуфтаи ӯ, боздоштани ҳаракати киштиҳои ҷангии амрикоӣ нишонаи хуби паст шудани шиддати вазъ дар минтақа мебошад. Коршинос таъкид кардааст, ки сабаби мунсариф шудан аз ин тасмим таъсири муассири музокироти сарони давлатҳо мебошад.

Тибқи гузориши рӯзномаи “Известия” киштиҳои амрикоӣ “Доналд Кук” ва “Рузвельт” ҳаракати худро ба сӯи Баҳри Сиёҳ боздоштанд ва вориди ҷазираи Крит шуданд. Таърихнигори ҳарбӣ Дмитрий Болтенков дар навбати худ дар ин қазия тавзеҳ додааст, ки барои убур кардани киштиҳои ҷангии ИМА аз гулӯгоҳҳо Туркия бояд ду ҳафта пеш огоҳ карда шавад. Аз ин рӯ, ин масъалаи Амрико ба эҳтимоли зиёд аз қабл бо Анқара тарҳрезӣ шуда буд.

Вай афзуд, ки солҳои охир аксар вақт киштиҳои ҷангии “Доналд Кук” ва “Рузвельт” ба соҳилҳои Русия фиристода мешаванд. Дар робита ба ин, сиёсатмадорон ва коршиносони Русия Вашингтонро дар бораи оқибатҳои фиристодани киштиҳои ҷангӣ ба Баҳри Сиёҳ ҳушдор доданд. Сенатор аз Қрим Сергей Цеков интиқоли киштиҳоро як ҳангомаи намоишкорона номид. “Иёлоти Муттаҳида қудрати худро нишон дода, вазъият дар ҷанубу шарқи Украинаро ба ҳам мепайвандад” – гуфтааст ӯ ба агентӣ.

Вакили Думаи давлатӣ Елена Панина бошад таъкид доштааст, ки фиристодани киштиҳои амрикоӣ ба Баҳри Сиёҳ метавонад вазъро дар Донбасс печидатар кунад. “Ин бонг на ба Русия, балки ба ҷудоиталабони миллии Украина хоҳад буд. Дар навбати худ, ноиб – адмирал, собиқ сардори ситоди флоти Баҳри Сиёҳи Нерӯи баҳрии Русия Пётр Святашов ба хабарнигории NSN гуфтааст, ки агар киштиҳои ҷангии Амрико ба баҳри Сиёҳ ворид шаванд, онҳо “хеле пушаймон хоҳанд шуд”.

Святашов изҳороти вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавровро ба ёд овардааст, ки гуфта буд, “Русияи мо иғвоҳои Амрикоро бе ҷавоб нахоҳад гузошт”.

Тоҷиддин САТТОРЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE