Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии роҳбарони ҳайатҳо дар қолаби С5+1
Имрӯз, 15 июл дар Тошканд дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: пайвастшавии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо” вохӯрии роҳбарони ҳайатҳо дар қолаби С5+1 баргузор гардид.
Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар нишасти мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди, муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Нуран Ниёзалиев ва Мушовири Президенти ИМА оид ба амнияти дохилӣ Элизабет Шервуд-Рэндалл ширкат варзиданд.
Ҷонибҳо дар мулоқот тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ ва таҳкими амнияту суботи минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.