Душанбе: Ҷаласаи Шӯрои ҷавонони СҲШ баргузор мегардад
16 сентябр дар ҳошияи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва 20-солагии СҲШ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, хабар доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар кори ҷаласа иштироки аъзои қисмҳои миллии Шӯрои ҷавонони СҲШ дар назар дошта шудааст. Шӯрои ҷавонони СҲШ моҳи майи соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия таъсис ёфтааст. Ба узвияти шӯрои мазкур ҷавонони ҳашт кишвари аъзои СҲШ шомил мебошанд.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соли 2021 раисии се шӯро: Шӯрои кор бо ҷавонони СҲШ, Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ ва Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ИДМ- ро ба уҳда дорад.