Душанбе: Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ» доир мегардад
Аз 13 то 15 октябр дар Маҷмааи варзишии «Манеж» дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ» доир мегардад. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд.
Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Форуми байналхалқии сармоягузории «Душанбе-Инвест 2021» аз ҷониби Палатаи савдо ва саноат гузаронида мешавад. Дар он истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷӣ маҳсулоти худро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт. Сокинон ва меҳмонон метавонанд аз намоишгоҳ дидан карда, маҳсулоти ғизоӣ, масолеҳи саноати сабук ва косибиро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.
Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ» одатан намояндагони ташкилоту корхонаҳо аз Русия, Беларус, Узбекистон, Чин, Покистон, Афғонистон, Кореяи ҷанубӣ, Индонезия иштирок менамуданд. Аммо соли равон бинобар паҳн гардидани бемории COVID-19 шумораи иштирокчиён аз манотиқи кишварҳои болозикр тасдиқ нагардидааст.