Нишастҳои матбуотии 4 феврал

4 феврал Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соати 08:30 дар Кумита доир мегардад.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ нишасти матбуотиро соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ барпо менамояд.

Нишасти матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт» соати 11:00 дар Агентӣ баргузор мешавад.

Хадамоти иҷро нишасти матбуотиро соати 14:00 дар Хадамоти иҷро доир менамояд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE