Вазъи КОВИД-19 дар Аврупо ваҳим гардида истодааст

Тибқи иттилои охири Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то имрӯз дар ҷаҳон 47 миллиону 854 ҳазору 043 нафар ба Covid-19 гирифтор шудаанд. Дар Аврупо вазъият то рафт вањимтар мегардад. Њамаруза шумораи кишварњои мањдудиятљорикарда афзоиш меёбад. Британияи  Кабир нуҳумин кишвари олам шуд, ки шумори мубталоёнаш аз 1 миллион гузашт. Ҳукумати Британияи Кабир гуфтааст, ки алтернави дигар ба ҷуз карантин дар мубориза бо коронавирусро намебинад.   Бино ба гузориши созмони љањонии тандурустї танҳо шабонарӯзи гузашта 148 ҳазору 638 нафар ба ин вирус сироят шудаанд. Шумори  фавтидагон дар олам ба 1 миллиону 220 ҳазору 535 нафар расид ва ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд 34 миллиону 357 ҳазору 609 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Дар кишварҳои Аврупо шумораи гирифторон ба коронавирус ба 11 млн нафар баробар шудааст. Низоми карантинӣ алакай аз оғози ҳафтаи равон дар Белгия, Олмон, Ирландия, Голандия ва Франсия амал мекунанд. Дар посух ба соњибкорони хурду миёна, ки аз қатъ шудани фаъолияти мағозаҳо зарар мебинанд, мақомоти кишвар ваъда кардаанд, ки ба онҳо кумак хоҳанд кард. Дар Юнон низ ба муддати ду њафта тамоми ресторану барҳо, кинотеатрҳо ва толорҳои варзишӣ баст ашудаанд. Аз нимаи шаб то соати 5-и субҳ дар саросари кишвар қуюди шабгардӣ эълон шудааст. Рузи гузашта бошад, ба қатори кишварњои карантин ҷорӣ карда Шветсария низ зам гардид. Дар ин кишвар тамоми ҷойҳои истеъмолии ҷамъиятӣ фаъолиятро қатъ кардаанд. Дар Русия бошад, ки бештар гирифторшавӣ дар Маскав ба қайд гирифта мешуд, ҳамакнун дар вилоятҳои дигар низ раванди гирифторшавӣ афзоиш ёфтааст. Вале ҳукуматдорони ин кишвар то ҳол махдудият ҷорӣ кардани нестанд. Интизор меравад, ки ваксинагузаронии умумӣ алакай то охири сол амалӣ карда мешавад.  Дар як шабонарӯз дар Русия 18 648 мубталои нав ба  COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Аз ин беморӣ дар 24 соати гузашта 355 нафар фавтидаанд.   Дар Италия, ки аз оғози пандемия алакай 39 ҳазор нафар фавтида, беш аз 730 ҳазор олудашавӣ ошкор шудааст, аксарияти мардум ба ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо нав розӣ нестанд, зеро ин маҳдудият ба афзоиши бекорӣ ва қафоравии иқтисодиёт оварда мерасонад. Нафарони зиёд бар зиди қарори баровардаи ҳукумат дар хусуси ҷорӣ шудани карантин ба кучаҳо баромадаанд. Мардум дар баробари риояи қоидаҳои ҷоришуда, аз ҳукумат кумаки молӣ талаб доранд. Мақомот ният доранд дар робита ба афзоиши гирифторони Ковид 19 фаъолияти марказҳои савдоро мувақатан қатъ намуда, дар як қатор шаҳрҳо вазъи ҳолати фавқулода ҷорӣ намоянд. Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон аз 5-уми ноябр то 2 декабри соли равон дар кишвараш чораҳои маҳдудкунанда барои мубориза зидди КОВИД-19 эълон хоҳад кард.  Аз рӯзи панҷшанбе сокинони Англия бояд дар хонаҳои худ боқӣ бимонанд. Ба ҷуз рафтан ба ҷойи кор ва ё таҳсил, муроҷиат ба духтур, рафтан ба мағоза ва ё ёрӣ ба наздикон аз маҳалли зист баромадан иҷозат нест. Мағозаҳо, сартарошхонаҳо, ороишгоҳҳо, варзишгоҳҳо, ҳамчунин ҷойҳои истироҳат ва дилхӯшӣ фаъолияти худро бозмедоранд. Сафари хориҷӣ, ба истиснои сафари корӣ муваққатан манъ аст.  Дар бисёре аз кишварҳои Аврупо шумори сироятшудагони нав дар як моҳ 200% афзуд. Аз ҳама бештар Словакия мубталои нав дорад. Тибқи омори ахир шумори беморони коронавирус дар ин кишвар 5 баробар афзудааст.  Дар Ҷумҳурии Чех теъдоди сироятшудагон дар як моҳ 4,4 баробар афзуд. Дар Лаҳистон  4 баробар, дар Белгия то 3,5 баробар зиёд шуд.

Раҳмонзода Миҷгона

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE