Омодагӣ ба зимистон дар Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор

Бо  мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» Дар робита ба ин, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ фармоишҳои болозикрро таҳти роҳбарӣ ва иҷроиш қарор дода, нақшаи чорабиниҳоро дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳо барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 таҳия ва тасдиқ намуданд, ки иҷрои он таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати  дар сатҳи баланд гузаронидани  мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, риояи техникаи бехатарӣ аз сўхтор тадбирҳои зарурӣ андешида, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, иҷрои нақшаи захираи ангишт, ҳезум, сузишворӣ ва маводи хўроквориро дар муассисаҳо таъмин намоянд.

Қайд бояд кард, ки новобаста аз пешбинии маблағҳои ба ин мақсад ҷудогардида дар МД Хона-интернати беморони руҳии ш.Ҳисор иҷроиши нақшаи захираи ангиштсанг, ҳезум, сўзишворӣ, картошка, пиёз, равған, дигар намуди маҳсулотҳо, маводҳои гармидиҳӣ 100% захира карда шудааст.

Айни замон дар муассиса маводи сузишворӣ, аз ҷумла 84 тонна ангишт (100%), 50м.куби ҳезум (100 %) ва барои генераторҳои барқидиҳанда 300 литр сўзишворӣ (100 %).захира карда шудааст.

Дар ин давра дар муассиса 6 тонна, 300 кг картошка (100 %), пиёз 2 тонна,100 кг (100 %), сабзӣ 2 тонна, 160 кг (54,71 %), орд 9 тонна, 600 кг (100%), 600 литр равған (100 %) захира карда шудааст.

Имрӯз дар муассиса 127 нафар бошанда зиндаги мекунад ба онҳо 129 нафар кормандон хизмат мерасонанд, ба  бошандагон ҳамарӯза 3 вақт хуроки гарм дода мешавад.Сарпарастии муассисаро бо Амри Президенти кишвар, Бонки миллӣ бар зима дорад.

Ҳоло  теъдоди маъюбон дар ҷумҳурӣ 150 хазор нафарро ташкил мекунанд, аз онҳо 15 680 нафар маъюбони гурӯҳи I, 72 692 нафар маъюбони гурӯҳи II, 32 950 нафар маъюбони гурӯҳи III ва 28 хазор нафар кӯдакони маъюби то синни 18-сола мебошанд. Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати  иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Фирӯз Каримзода

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE