ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН
Дар ду даҳсолаи охир мафҳуми «нерӯи нарм», ки дар таълифоту лексикони сиёсатмадорон, дипломатҳо, коршиносон, рӯзноманигорон ва ҳамаи нафарони ба таври мухталиф ба проблематикаи байналмилалӣ наздикшаванда ҷойгоҳи устуворашро дарёфт, хеле маъмул гардид. Он тадриҷан ба санадҳои асосии сиёсати берунӣ, консепсияҳои стратегии давлатҳо шомил шуда, дар офариниши симои ҷаззоби байналхалқӣ ва дар расидан ба дигар аҳдофи сиёсати берунӣ бо усулҳои нарму ғайризӯроварона дар муқобили «нерӯи дурушту сахт» ҷузъи абзори стратегии онҳо мегардад. «Нерӯи нарм»-и давлатро фарҳанги он, ҷозибияти арзишҳои сиёсӣ, ташаббусу дастовардҳои муваффақонааш дар арсаи байналмилалӣ ташаккул медиҳад.Ҳамрадифи унсури фарҳангӣ «нерӯи нарм» аз ҳисоби ташаббусҳои муваффақонаи байналхалқии давлат ташаккул меёбад. Дар ин росто Тоҷикистон комёбиҳои барҷастае дорад, ки қабл аз ҳама, самараи хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз Пешвои муҳтарами миллатамон тавонистанд, ки дар болоравии обрӯи байналмилалӣ ва нуфузи кишварамон саҳми шоистаи таҳсин гузоранд. Сарвари хирадманди давлатамон аз минбарҳои баланди СММ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҳамеша на фақат ба проблемаҳои Тоҷикистон, балки ба масоили мубрами Афғонистон, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир, рушди нобаробари кишварҳои дунё ва таъмини башарият бо оби тоза низ ҷалб мекунанд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки обрӯи худи Пешвои муаззами миллат, ки хидматҳои бузургашонро ҷомеаи байналхалқӣ бо ҷоизаҳои зиёди арзишманд қадрдонӣ кардааст ва ташаббусҳои байналхалқии аҳаммияти умумибашарӣ доштаашон дар сатҳи баландтарини глобалӣ эътироф гаштаанд, сарчашмаи «нерӯи нарм»-и Тоҷикистон мебошад.Кишвари мо ҳамчун бозигари фаъоле дар арсаи ҷаҳонӣ мунтазам дар кори созмонҳои бузурги байналмилалӣ ширкат варзида, дар ҳаллу фасли проблемаҳои гуногун ташаббусҳои қобили қабулу судманде ба миён мегузорад. Ба шарофати талошҳову ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ бо пешниҳоди масъалаҳои мубрами умумибашарӣ роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об бамаротиб боло рафт.Соли 2003 Тоҷикистон ба яке аз дастовардҳои муҳими байналмилалӣ ноил гардид ва ба бозигари асосии глобалӣ дар соҳаи дипломатияи об табдил ёфт. Тибқи Эъломияи 23-юми декабри соли 2003 дар шаҳри Душанбе қабулгардида Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи махсусро оид ба “Соли байналмилалии оби тоза“ эълон кардани соли 2003 ва баъдан, Қатъномаи хоссаи дигареро оид ба “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намудани солҳои 2005-15 қабул намуд. Ҳамин Маҷмаа аҳаммияти афзояндаи проблематикаи обро ба назар гирифтаву ҳамкориро ҳамчун омили калидӣ дар ҳалли он эътироф карда, соли 2013-ро Соли байналмилалии хамкорӣ дар соҳаи об ва ниҳоят, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал ”Об барои рушди устувор” эълон намуд. Яъне тайи беш аз ду даҳсола Тоҷикистон дар масоили марбут ба об дар дунё чун давлати пешсафу ташаббускор пазируфта шуда, то имрӯз дар пайи татбиқи ҳамин иқдомҳои аҳаммияташон умумибашарист. Пойтахти зебои Тоҷикистон – шаҳри Душанбе борҳо мизбони чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба масойили об бо ширкати теъдоди зиёди ашхоси баландрутбаи расмии хориҷӣ буд. Барои мисол: баргузор шудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд аз рӯйи натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт (2005-2015)», ки дар он беш аз 1000 нафар ҳамчун муаррификунандаи беш аз 100 мамлакати дунё ва даҳҳо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иштирок карданд. Дар ин ҳамоиш иштирокчиёни воломақом дар суханрониҳояшон ташаббусҳои шоистаи Тоҷикистон, аз ҷумла пешниҳоди навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал таҳти шиори «Об барои рушди устувор» ҷонибдорӣ карданд. Ин ташаббуси нави глобалӣ моҳи декабри соли 2015 бо қарори Маҷмаи Умумии СММ якдилона маъқул дониста шуд, ки он ба Даҳсолаи нави барномаи байналмилалии «Об барои рушди устувор (2018-2028)» ҳусни оғоз бахшид.3-юми марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масоили об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардиду дар он сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо ва коршиносони байналмилалӣ ширкат варзиданд, сабаби асосии тағйирёбии иқлими сайёраро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод намуданд. Дар сатҳи Замин пиряхҳо зиёда аз 16 млн.км\мукааб, яъне қариб 11% масоҳати хушкиро ташкил медиҳанд ва ҳаҷми умумиашон ба 30 млн.км\мукааб баробар аст. Обшавии пиряхҳои Арктика, Антарктида, Гренландия метавонад тағйироти ҷиддиеро дар экосистемаи ҷаҳонӣ ба миён орад. Дар Тоҷикистон бошад, 8492 пирях бо масоҳати 8476 км\мукааб мавҷуд аст, ки ҳаҷмашон 567 км\мукаабро ташкил медиҳад. Фақат дар 70-80 соли охир пиряхи калонтарин Федченко (дарозиаш 75 км) беш аз 1 км ақиб рафта, майдонаш то 44 км/мукааб кам гардидааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 км/мукааб ихтисор гашта, суръати миёнаи ақибравии нӯги пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки пиряхҳо захираи асосии оби софу танзимкунандаи намианд ва обшавии босуръаташон ҳамрадифи зиёдшавии истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳоливу рушди иқтисодӣ бастагии қавӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфиву хатарзо оварда расонад. Бинобар тағйирёбии иқлим ва то 1 дараҷа афзудани ҳарорати миёнаи солона обшавии пиряхҳои Арктикаву Антарктида босуръат гардида, он сатҳи уқёнуси ҷаҳониро боло бурдааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёту некӯаҳволии садҳо миллион сокини курраи Замин (хоссатан дар кишварҳои кӯчаки ҷазиранишин ва манотиқи наздисоҳилиашон) таҳдидҳои ҷиддие ба миён орад.Имрӯз таҳияи фишангҳои самараноки пешгирии коҳиши захираҳои обӣ дар дунё ба муҳимтарин масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст. Алҳол қариб 1 млрд.нафар ба оби тозаи ошомиданӣ ниёзманданд, 2,6 млрд.нафар ба оддитарин шароити беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд. Зиёда аз 80 давлат норасоии захоири обро шадидан эҳсос мекунанд ва ҳар ҳафтае аз норасоии оби тоза 42 ҳазор нафар мубтало ба беморию марг мешаванд ва аз ин шумор 90 фисадашон кӯдакони то 5-солаанд. Хушксоливу биёбоншавӣ ба манбаи воситаҳои зиндамонии беш аз 1,2 млрд. нафар таҳдид мекунад. Тибқи пешгӯии коршиносон, то соли 2050 қариб 30 фисади аҳолии сайёра эҳтиёҷоти худро ба об қонеъ карда наметавонанд. Бо назардошти мубрамияти масъалаи ҳифзи пиряхҳо ҳамчун захираи асоситарин оби софи сайёра Пешвои миллат дар ҳамин мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масоили об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад ва инчунин, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари Президенти кишварамон таъсис додани бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд. Ин пешниҳодоти оқилонаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-уми декабри соли 2022 ба самъи иштирокдорони Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим расонида шуданд ва бо ҷонибдории 153 давлати аъзо дастгирӣ ёфтанд. Дар ин чорабинии сатҳи баланди ҷаҳонӣ бо таклифи Пешвои тоҷикони олам соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21-уми март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардиданд. Дар ин ҷаласаи бонуфуз инчунин Бунёди махсусе барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.12-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар он Пешвои миллатамон чун сарвари давлати пешсаф дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим дар ифтитоҳи ҳамоиши сарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда суханронӣ карданд. Пешвои миллатамон роҷеъ ба масойили хатару таҳдидҳои иқлимӣ ва паёмадҳои онҳо, пайвастагии зичи иқлиму об, раванди босуръати обшавии пиряхҳо, зарурати талоши ҳамагонӣ баҳри ҳалли мушкилоти иқлимӣ, таҳкими тавонмандиҳои кишварҳо дар самти коҳиши осебпазирӣ аз тағйироти иқлимӣ тавассути кӯмаки молиявии мамолики рушдёфта, зарурати бетаъхири гузариш ба “энергияи сабз”, муҳимияти истифодаи манобеи нерӯи таҷдидшаванда ба хотири коҳиши партофти газҳои гулхонаӣ ва рушди “иқтисоди сабз” ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки то соли 2032 Тоҷикистон истеҳсоли энергияро пурра аз ҳисоби сарчашмаҳои таҷдидпазир ба роҳ мемонад ва то соли 2037 ба “кишвари сабз” табдил меёбад.Бо пешниҳоди Пешвои миллатамон моҳи майи соли 2025 дар пойтахти зебои тоҷикони олам – шаҳри Душанбе ба хотири баррасии ҳамаҷониба ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад. Маҷмаи умумии СММ аз пешниҳоди муштараки Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ” ҷонибдорӣ ва Қатъномаи хоссаеро қабул намуд. Инчунин, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таклифи Сарвари давлати тоҷикон роҷеъ ба таъсис додани Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ дар ш.Душанбе бо сарпарастии Созмони Ҷаҳонии Обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд ҷонибдорӣ намуд.Хулоса, мавқеи пешсафонаи Тоҷикистон дар муайян кардани вазоифи рӯзмарра оид ба яке аз масъалаҳои мубрами олами муосир-ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ва ҳамзамон, ташаббусҳои хирадмандонаю инсонпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳиятан мактаби байналмилалии дипломатияи обро поягузорӣ намуданд, ба таҳкими «нерӯи нарм»-и дипломатияи об дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат карда, обрӯи Тоҷикистонро дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ бамаротиб боло мебарад.Радиои “Тоҷикистон” ва шабакаҳои он, аз ҷумла радиои “Садои Душанбе” тайи ин муддат дар инъикоси проблематикаи об тавассути таҳияи барномаҳои ҷудогона бо даъвати мутахассисони соҳа саҳми назаррас гузоштанд. Чандин барномаҳои таҳиянамудаи кормандони радио – Мамлакати Саид, Дилбар Исматова, Неъмати Муҳиб, Норинисо Абдуллоева бо иштироки Анвар Қодиров-коршиноси масоили экологӣ, Хусравҷон Кабутов корманди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ) ва Номвар Қурбонӣ аз Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) масоили актуалии марбут ба об, ҳифзи пиряхҳо ва нақши Пешвои миллатро чун поягузори дипломатияи об дар арсаи ҷаҳонӣ инъикос намуда, ба болоравии маърифати экологии шунавандагон мусоидат карданд.
Фирӯз КАРИМЗОДА,сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”,
Хуршед БАРИЕВ,муҳаррири варзидаи радиои “Садои Душанбе”