Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Шуруъ аз 17 март дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» ҷараён дорад, ки то 22 март идома меёбад. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ин намоишгоҳ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус ва Вазорати фарҳанги мамлакат гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст. Дар он китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, теъдоди зиёди китобҳои тозанашри олимону адибони Тоҷикистон аз муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва осори классикону адибони муосири тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд.
Инчунин дар гӯшаи Тоҷикистон бахши алоҳидаи асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарҷума шудаанд, пешниҳод гардид.
Дар назар аст, ки намояндагони аҳли адаби Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ дар доираи намоишгоҳ иштирок намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки гӯшаи китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони мутолиаи беларусӣ қарор гирифтааст.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

