Ҳамоиши илмӣ – оммавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши илмӣ – оммавӣ таҳти унвони «Инъикоси дастовардҳои Истиқлолият дар матбуоти даврӣ» доир гардид. Зимни он, коршиносони соҳа фаъолияти ВАО –ро дар ҶТ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамасола ҷомеаи журналистии Тоҷикистон иди касбии худро 11 март, ки ба рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – “Бухорои Шариф” рост меояд, таҷлил менамоянд. Дар остонаи ин санаи мубораки таърихӣ имрӯз бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии илмӣ – омавӣ таҳти унвони «Инъикоси дастовардҳои Истиқлолият дар матбуоти даврӣ» доир гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони ВАО, коршиносон ва омӯзгорони донишгоҳҳои олии мамлакат ширкат намуданд. Ҷамолиддин Нуров, муовини директори Китобхонаи миллӣ зимни ифтитоҳи ҳамоиш аз таърихи гузаштаи матбуоти тоҷик ёдрас шуда, изҳор дошт, ки имрӯз дар ин боргоҳи маърифат 959 000 нусхаи рӯзномаҳои тоҷикӣ, аз ҷумла нусхаи электронии рӯзномаи «Бухорои шариф» ҳифз карда шудаанд.
Зубайдулло Давлатов, сардори Раёсати таъминоти иттилотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромадаш вазъи матбуоти даврӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, таъсир ба тафаккури ҷомеаро аз мақсадҳои аслии матбуот, дар умум ВАО арзёбӣ кард.
Сипас дар идомаи кори ҳамоиш муҳаққиқони соҳаи журналистика ва рӯзнманигорони варзида оид ба «Матбуот ва Истиқлолияти давлатӣ», «Нақши матбуоти даврии тоҷик дар инъикоси ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об», “Саҳми матбуот дар тарғиби дастовардҳои соҳибистиқлолӣ» маърӯзаҳо намуданд.
Ба гуфтаи Сангин Гулов, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи ДМТ, фаъолияти матбуоти тоҷик ба се давра – то замони шӯравӣ, замони шӯравӣ ва даврони Истиқлолият ҷудо шуда, дар кишвари мо матбуот маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба таври чашмрас рушд кард.
Абдураҳими Абдуқаҳҳор, корманди шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ гуфт, дар баробари таъсис ва пурмуҳтаво рӯи чоп омадани аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо, саҳми равшанфикрони миллат ба мисли устод Айнӣ, Лоҳутӣ ва дигарон арзишманд аст. Дар саҳифаҳои нахустин нашрияҳои миллӣ – «Бухорои шариф», «Овози тоҷик», «Шуълаи инқилоб», «Самарқанд», «Ойина» ва зиндагиномаи халқи тоҷик тӯли таърих инъикос ёфтаанд.
Дар анҷоми ҳамоиш миёни баромадкунандагон оид ба фаъолияти рӯзмараи матбуоти даврӣ дар Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифта, таъкид шуд, ки рӯзномаи «Бухорои шариф», ки шумораи нахустинаш 11 марти соли 1912 ба табъ расидааст, ҳамчун рӯйдоди таърихиву фарҳангӣ нахустин қадамҳои устувори матбуоти тоҷик гардидааст. Гуфта шуд, ки бо касби Истиқлолият заминаи ҳуқуқию фаъолияти озод барои матбуот фароҳам оварда шуда, он ба як ҷузъи ҳаёти рӯзмараи кишвар табдил ёфтааст.
Тоҷиддин САТТОРОВ,
“Садои Душанбе”