Муъминобод: Осорхонаи муосир сохта мешавад

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод осорхонаи нави замонавӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Тавре  ки  сармуҳандиси  Хадамоти  назорати техникии  назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод  Давлат Раҳмонов иттилоъ дод, осорхона ба маблағи 3 миллион сомонӣ сохта шуда, бинои он аз 2 ошёна,  2 утоқи корӣ ва ду толори васеъ барои  гузоштани  ёдгориҳои  таърихӣ иборат мебошад.

Бинои осорхона  аз ҷониби ҶДММ «СМС»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Вилояти Суғд бунёд гардида, то инҷониб  80 фоизи корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шудааст.  Дар бунёди  осорхона  15 нафар сохтмончиён ҷалб гардида, тибқи нақша  бино  то охири моҳи июл  ба истифода дода мешавад. Гуфта мешавад, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни дарпешистода  дар ноҳия бунёди 333 иншоот ба нақша гирифта шуда, то инҷониб 273 бино сохта шудааст, ки 73% -и нақшаро дар бар мегирад.

Мувофиқи нақшаи дурнамо дар ноҳия сохтмон ва навсозии  Парчам, Қалъаи Муъминобод ва гулгаштҳо дар назар дошта шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE