Душанбе: Хӯрокҳои миллии давлатҳои узви СҲШ муаррифӣ мешаванд
Дар доираи баргузории вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай шоми 16 июл дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ташкил карда мешавад, иттилоъ медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил карда шуда, аз он роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ ва сокинону меҳмонони пойтахт боздид менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои аъзои СҲШ муаррифии анъана ва урфу одатҳои давлатҳои аъзои ин созмони бонуфуз, аз ҷумла, таому хӯришҳои миллии тоҷикӣ ба ҷаҳониён ва таҳкими ҳамкории сайёҳӣ мебошад.