Махзани осори бачагон

Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар (23 январи соли 1974) дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст ва дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст. Он дар ду толори ошёнаи сеюми китобхонаи марказии шаҳри Душанбе бо фармони вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд. Баъдан, 27 сентябри соли 1974 лентаи рамзии кушодашавии китобхонаро шоири маҳбуби бачагон Мирсаид Миршакар бурид ва хонандагонро ба китобхона даъват намуд.

Солҳои аввал захирааш аз ҳисоби давлат ва шоиру нависандагони Тоҷикистон пурра мешуд. Масалан аввалин бор шоири маҳбуби бачагон шодравон Мирсаид Миршакар ба китобхона 289 нусха китоб туҳфа намуда буд. 1 феврали соли 2003 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои поси хотир, қадрдонии хизматҳои шоёни устод Мирсаид Миршакар ва ба муносибати таҷлили 90 – солагиаш ба китобхонаи давлатии бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани номи Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакарро муносиб дид.

Китобхона дорои 3-шӯъба мебошад: шуъбаи такмил ва баррасии адабиёт, шуъбаи хадамот, шуъбаи илмию-методӣ ва маълумотдиҳию-библиографӣ. Ҳоло бошад захираи китобии китобхонаро 94000 нусха китоб фаро гирифтааст, дар китобхона 27 нафар кормандон соле ба 4500 хонанда хизмати китобӣ мерасонад. Тамоми захираи китоби китобхона дар маҷмӯи феҳристу картатекаҳо сабт шудааст. Ҳамасола бо ташаббуси бевоситаи маъмурияти китобхонаи мазкур ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар идораҳои маъмурӣ як қатор чорабиниҳои илмӣ – маърифатӣ барои кӯдакону наврасон ва ҷалби бештари онҳо ба китобхонӣ ороста мешавад.

Бо ташаббуси Сарврари давлати маърифатпарварамон ва иқдомҳои наҷибона ва ғамхориҳои пайваста дар ҳаққи насли наврас китобхона низ мунтазам фаъолиташро пеш мебарад. Китобхонаи мазкур бо тарбияи кӯдакону наврасон машғул аст. Дар ин муддати тӯлонӣ, бисёр корҳои тарғиботию таблиғотӣ гузаронида, ҳазорон хонандагонро бо хизмати судманд ноил гардондааст. Теъдоди бештари чорабиниҳои гузаронидашуда ба адабиёти бачагона марбутанд.

Ҳусайн Сафарзода, сарвари Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар мегӯяд, дар солҳои сохибистиқлолии Тоҷикистон  на танҳо захираи китобии китобхона афзуд, балки раванди фаъолияти кории он ташаккул ёфта, ҷабаҳаҳои корҳои илмию – методӣ ва маълумотдиҳию – библиографӣ ба вуҷуд омаданд. Дар ин муддат, китобдорон зиёда аз 50 номгӯи дастурҳои гуногуни библиографию методиро таҳия ва интишор намуданд, ки «Пӯлод Толис – адиби дӯстдоштаи кӯдакон» (1999), «Корнамои ҷовидона» (2000), «Табиат ва кӯдакон» (2002), «Соли 2003 – соли байналмилалии оби тоза» (2003), «Шӯҳрати ҷаҳонии “Шоҳнома”» (2005), «Нашри китоб дар ҷумҳурии Тоҷикистон» (2005), «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон» (2005), «Тарғиби осори Алӣ Бобоҷон дар китобхонаҳо» (2006), «Чор фасли соли кишвари соҳибистиқлоли ман – Тоҷикистон» (2007), «Ҷашнҳои фархундаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2008), «Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»(2008) аз ҷумлаи ин гуна нашрҳоянд.

Мувофики иттилои сарвари китобхона, кормандони китобхона барои бачагон картотекаҳои зиёде бо номи «Тоҷикистон», «Адибони дӯстдоштаи кӯдакон», «Табиат ва кӯдак»-ро созмон додаанд. Ҳоло китобхона яке аз калонтарин китобхонаҳои бачагонаи ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва ба ҳамаи китобхонаҳои бачагонаю мактаби ёрии амалии методӣ мерасонад дар он кӯдакони кули ҷумҳурӣ ва роҳбарони хониш аъзо ҳастанд. Бо ташаббуси кормандони китобхона ҳар сол Фестивали ҷумхуриявии “Ҳафтаи иитоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мегардад, ки барои ҳавасмандгардонии кудакону наврасон ба китобхонию китобдӯстдорӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

Нигинаи ДАВРОНЗОД,

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE