Аз Донишкада то Донишгоҳи байналмилалӣ
Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (собиқ Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат) яке аз донишкадаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад. Донишкада соли 1991 аз ҷониби Вазорати хидмати маишии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд. Аз соли 1995 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат номгузорӣ шудааст. Сарпарасти донишкада Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақоми донишкада мактаби олии бисёрҷабҳа буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.
Донишкада такягоҳи Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай (ШОС) аз руи самти “Технологияи иттилоотӣ”, узви Академияи илмҳои байналмилалии макотиби олӣ, Ассотсиатсияи умуиҷаҳонии туризм, Ассотсиатсияи муассисаҳои таҳсилотии Осиёи Миёна «Ednet», Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Tarena», мебошад.
Донишкада дар давоми фаъолияти хеш аз рӯи худмаблағгузории дохилӣ нашъунамо ёфта пойгоҳи таълимӣ ва биноҳои хизматрасонию хоҷагидории хешро бунёд намудааст. Сентябри соли 1991 аз як бинои таълимӣ фаъолиятро оғоз намуда айни ҳол донишкада дорои чор бинои таълимӣ бо 72 синфхона ва 2246 ҷойи нишаст мебошад. Дар хидмати донишҷӯён ва устодони донишкада 250 компютери пайваст ба шабакаи Интернет қарор дорад. Умуман дар донишкада беш аз 300 копютер ва 10 ноутбук дар таълиму тарбия мавриди истифода қарор дорад. Аз 80 синфхона, 7-тоаш синфҳонаҳои махсусгардонидашудаи компютерӣ, 21 кабинети фаннӣ ва як тоаш лабораторияи фаъолияти гумрукӣ мебошад. Инчунин, дар хидмати донишҷӯён китобхонаи электронӣ бо ду қироъатхонаи дорои 100 ҷойи нишаст, ду майдони варзиши ва толори варзиш, ошхона, ду қаҳвахона, мағозаи китобфурӯшӣ, бунгоҳи тиббӣ, толори маҷлисгоҳ, Маркази информатсионӣ – комуникатсионӣ, Маркази сайёхӣ ва меҳмоннавозӣ ва хобгоҳи ҳозиразамон муҳаё карда шудааст. Дар Маркази информатсионӣ – комуникатсионӣ нашриёт ва матбаа фаъолият менамоянд, ки дар он китобу дастури таълимии устодон, рӯзномаи «Соҳибкор», маҷаллаи илмии «Паём» ва ғайра нашр мешаванд. Мохи марти соли 2008 сомонаиДонишкада дар шабакаи глобалии ИНТЕРНЕТ зери унвони www.dsx.tj ворид гардид. Дар он иттилооти гуногун дар бораи ҳаёти донишкада ба забони русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ тадриҷан дохил карда мешавад.
Дар ибтидои фаъолият, соли таҳсили 1991-1992 дар донишкада 3 кафедра амал мекард, ки дар онҳо 2 доктори илм ва 19 номзадони илм, аз ҷумла 2 нафар занҳо ба фаъолияти илмӣ-педагогӣ машғул буданд, ки аз онҳо танҳо 6 нафарашон кормандони доимӣ буданду халос. Он соли таҳсил дар донишкада аз рӯи 4 ихтисос (иқтисодиёти ҷаҳон, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо, санъати ороишӣ-амалӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, технологияи матоъ ва кешбофӣ) 88 нафар донишҷӯён дар шӯъбаи рӯзона таҳсил менамуданд. Дар соли аввали фаъолият донишкада дорои як бинои таълимӣ бо 17 синфхонаҳо буда, фонди умумии китобхонаи илмии он 1012 нусха китобро дарбар мегирифт.
Ҳоло донишкада дорои Литсейи тамоюли иқтисодӣ (аз соли 1998 инҷониб), 4 факултет, 4 бинои таълимӣ, 12 лабораторияи компютерӣ, беш аз 670 компютери пайваст ба шабакаи Интернет, 2 китобхонаи илмӣ, 2 китобхонаи электронӣ, 3 толори маҷлис, майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, чопхона, 2 ошхона, Парки технологӣ мебошад. Дар 4 факулта, ҳайати илмӣ педагогӣ иборат аз 207 нафар мебошад, ки аз онҳо ҳудуди 70 нафарашон докторон ва номзадони илм мебошанд. Боиси хурсандист, ки 40 нафари онҳо хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифат мебошанд.
Соли 2006 донишкада Иҷозатнома (Литсензия )–и Вазорати Маорифи Ҷумхурии Тоҷикистонро (АУ №0000303 аз 26.10.2006) оиди фаъолияти аспирантура, аз рўи ихтисосҳои 08.00.01 – назарияи иқтисод, 08.00.05 – иқтисод ва идораи хоҷагии халқ, 08.00.13 – усулҳои инструменталӣ ва риёзии иқтисодӣ, 05.13.18 – тарҳрезии риёзӣ, усулҳои ададӣ ва комплекси программаҳо муттахассисони илмӣ – педагогӣ тайёр менамуд. Бо қарори ВАК-и Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия аз 19 марти соли 2010, дар донишкада Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ аз рӯи 2 ихтисос: 08.00.05 – «иқтисод ва идораи хоҷагии халқ» ва 08.00.13 – «усулҳои инструменталӣ ва риёзии иқтисодӣ», кушода шуда буд.
То соли 2012 донишкада зиёда аз 5000 нафар мутахассисони маълумоти олидорро тайёр намудааст. Соли 2010 ба факултаҳои донишкада 18 кафедра вобаста шуда буд, ки 12-тоаш кафедраҳои тахассусӣ буданд. Соли таҳсили 2010-2011 аз 180 нафар устодони донишкада (170 нафар кормандони доимӣ), 11 нафар доктори илм ва 67 нафар номзади илм мебошанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бештар аз 40 нафари онҳо хатмкардагони донишкада буданд.
Ҳоло, ҷараёни таълим дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат пурра тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Донишҷўёни донишкада аз рўи барномаи дараҷаи таҳсилоти бакалавр дар 41 ихтисос, магистратура дар 15 равия, таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар 5 ихтисос, докторантура аз рўи ихтисос (PhD) дар 8 ихтисос таълим мегиранд.