Муъминобод: Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №38
Дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар деҳаи Балхобии ноҳияи Муъминобод муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №38 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора мухбирамон Мирсаиди Хайрулло хабар дод.
Дар маросими ифтитоҳи муассисаи мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, намояндаи барномаи СММ дар Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Лутфия Шарифзода аз таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ёдоварӣ карда, тазаккур дод, ки бо саҳми шарикони рушд имрӯз дар Муъминобод як мактаби дигар мавриди ифтитоҳ қарор гирифт.
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ иброз дошт, ки ин ҳама дастовардҳо, пеш аз ҳама, аз сулҳу субот ва сиёсати пешгирифтаи ватанпарваронаю ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
«Дар вилояти Хатон тантанаҳои Наврӯзӣ идома доранд ва чанд рӯз пеш бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон якчанд корхонаҳои саноатӣ ва мактабу дигар коргоҳҳо мавриди истифода қарор дода шуданд, ки мову шумо шоҳиди он будем», — гуфт ӯ.
Сафири Ҷопон ва намояндаи СММ низ оид ба барномаи худ дар роҳандозӣ ва кумак дар соҳаи маориф ибрози назар намуда, илова карданд, ки минбаъд низ дар доираи ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро дар татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди маориф ва дигар паҳлуҳо идома медиҳанд.
Тибқи маълумот, бинои пешинаи муассисаи мазкур, ки соли 1985 сохта шуда буд, дар ҳолати садамавӣ ва дар роҳи сойи селгузар ҷойгир буд. Бо пешниҳоди лоиҳа аз тарафи ҳукумати ноҳия ба Сафорати Ҷопон сохтмони он аз соли 2021 шурӯъ шуда, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар муассисаи мазкур айни ҳол 63 нафар хонандагон таҳсил мекунанд ва он барои 144 ҷойи нишаст дар як басти таҳсил сохта шудааст. Дар назар аст, ки соли ояндаи таҳсил он ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шавад.
Дар доираи маросими ифтитоҳи муассисаи мазкур меҳмонон ҳамчунин аз дастовезу ҳунарҳои мардумии бонувони Ҷамоати деҳоти Балхобӣ дидан намуданд. Аз тарафи шуъбаи фарҳанги ҷамоат барномаи консертӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.