ДМТ: Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика оғоз гардид
29 март бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 бори аввал олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика оғоз гардид, ки дар он 60 нафар донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Федератсияи Русия иштирок доранд.
Зимни ифтитоҳи олимпиадаи мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр шуд, ки таърихи илму фарҳанги халқи соҳибтамаддуни тоҷик саҳифаҳои бузурги таърихи илми башарро ташкил дода, намояндагони ин миллати соҳибтамаддун аз замони дури таърих дар масири рушди илму фалсафа, омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ва пажӯҳиши табиату кайҳон саҳми бузург гузоштаанд.
Эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз ҷониби Пешвои миллат боиси густариш ёфтани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мегардад.
Тазаккур дода шуд, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, хусусан илмҳои физикаю математика бештар мушоҳида гардида, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ зиёд ба назар мерасад.
Ин аст, ки чанде пеш дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус олимпиадаи 12-уми байналмилалӣ аз фанни математика доир гардид ва дар он донишҷӯёни факултети механикаю математикаи донишгоҳ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, имрӯз баъди маросими ифтитоҳи расмии олимпиада дар факултети физикаи Донишгоҳи миллӣ олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика оғоз гардид.
Тибқи талаботи олимпиада, саволномаҳо бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода шуда, муҳлати ҳалли масъалаҳо чор соат муайян шудааст. Натиҷаи олимпиада пагоҳ, 30 март эълон мегардад.