Даври сеюми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ доир шуд

Дирӯз даври сеюми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар соли 2023 доир гардид. Дар ин хусус дар Маркази миллии тестӣ хабар доданд.

Дар имтиҳонҳои ин давр довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ аз 4 то 13 сентябри соли равон барои иштирок дар ИМД номнавис шудаанд, иштирок намуданд.

Дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2023 ҳамагӣ 8739 нафар, аз ҷумла 6534 довталаби дорои таҳсили миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 2205 довталаби дорои таҳсили умумии асосӣ (синфи 9-ум) худро номнавис намудаанд.

Барои ин даври имтиҳонҳо дар 11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ- Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Роғун, Турсунзода, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Шаҳритус ва Хоруғ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил шудаанд.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE