АҲАММИЯТИ ТАЪРИХӢ ВА ЗАРУРАТИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН
Имсол дар Тоҷикистон 29-умин солгарди қабули Конститутсияи давлати миллии тоҷикон ҷашн гирифта мешавад, ки яке аз дастовардҳои беназири мо ва муҳимтарин рӯйдоди таърихӣ дар масири давлатдории халқи тоҷик мебошад.
Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави Ҳукумат ва Раиси Шўрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Дар ин давра таҳияи санаду қонунҳои нав, аз ҷумла, қабули Конститутсияи нав зарур буд.
Бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қабули конститутсияи нави давлати соҳибистиқлол, Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд, ки он иборат аз се гурӯҳ буд, аъзои гурӯҳи корӣ мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, олимон ва муҳаққиқони соҳаи илмҳои сиёсӣ, ҳуқуқшиносони касбӣ бо такя ба арзишҳои таърихии халқамон, орзуву ормонҳои мардуми мамлакат, дарки манфиатҳои миллӣ, таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои дигар, эҳтиром ба арзишҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи байналмилалӣ, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва муҳимтар аз ҳама, бо мақсади ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба кори худ шуруъ кард.
Сокинони мамлакат дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона иштирок карданд. Дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда, 2535437 нафар, яъне 94,4% дар раъйпурсӣ иштирок доштанд. Хушбахтона, 6-уми ноябри соли 1994 бо тарафдории 2352554 нафар ё 87,59% Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва мамлакатҳои Аврупо баҳои баланд гирифт. Дар баробари ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии давлат, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян намуд.
Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд: “Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад. Ҳамчунин, дар Конститутсия таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мақсади фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор дода шуд”.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат шинохта шуда, айни ҳол ба хотири ҳифзи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули бонизому муътадили давлати муосири тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи давлат, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия дониста шудааст.
Ҳамзамон, Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлоли давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошт ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунандаро иҷро кард.
Аҳаммияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки ин санади олии сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мусоидат намуд ва омили асосии кафолати пойдории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.
Хотирнишон бояд сохт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти миллӣ дорад, чунки он бо иродаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон қабул гардида, дар ин санади олӣ аз ҳама муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондўстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтааст.
Муҳиммияти Конститутсияи Тоҷикистон дар таҳкиму инкишофи қонунгузории миллӣ, мустаҳкам гардонидани пояҳои устувори истиқлолияти комили сиёсӣ ва барқарор кардани сулҳ дар мамлакат хеле равшану возеҳ аст. Бинобар ҳамин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳимми сиёсиест, ки барои фароҳам овардани заминаҳои комили ҳуқуқии оштии миллӣ ва бунёди давлати навини тоҷикон пояи устувори сиёсӣ ва ҳуқуқро мустаҳкам гардонид.
Ба конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.
Дар маъракаҳои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия мардуми шарифи Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ иштирок намуда, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки ин тағйироту иловаҳо санади сарнавиштсозро такмил дода, боиси ба зинаи нави рушд ворид шудани Тоҷикистон гардиданд.
Конститутсия эътибори олии ҳуқуқиеро дорост, ки дигар қонунҳо надоранд. Конститутсияи Тоҷикистон дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Тоҷикистон ва пойдор гардидану камолоти давлатдорӣ аҳаммиятнок аст.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “мафкураи ҳеч як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гуруҳе наметавонад мафкураи давлат эътироф шавад” (моддаи 8). Дар сархати ҳамин модда навишта шудааст: “Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад”. Ин талабот ҷавобгўйи он аст, ки Конститутсияи Тоҷикистон барои бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқӣ шароит муҳайё мекунад.
Талаботи дигари Конститутсия дар моддаи 7-уми он қайд шудааст: “Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст”. Иҷрои ин талабот осоиштагии давлат ва шаҳрвандонро таъмин менамояд.
Таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тоҷикон рӯйдоди муҳим ва мондагори таърихиест, ки ҳеҷ вақт фаромӯш намешавад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро чун сарчашмаи асосии пешрафти ҷомеа, поягузори суботи мамлакат, ваҳдату ягонагии давлату миллат бозгӯ менамояд.
Фирӯз КАРИМЗОДА,
Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Садо ва Симо”