Дар шаҳри Хоруғ олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами ҳаштуми шаҳри Хоруғ даври дуюми олимпидаи фаннӣ доир гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Олимпиада таҳти сарпарастии Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» дар шаҳри Хоруғ амалӣ шуда, фанҳои математика, физика, биология, химия ва географияро фаро мегирад.
Олимпиадаи фаннӣ дар ду самт мегузарад. Самти аввали он фанҳои табиӣ- риёзӣ ва самти дуюм фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ аст. Масъулияти баргузории ин чорабинии муҳим тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳдаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» гузошта шудааст.
Баъди эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020 2040» таваҷҷуҳи аҳли маориф ба омӯзиши ин фанҳо боз ҳам бештар гардид. Воқеан ин иқдом дар чанд соли охир беназир буда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати рушди соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам меоварад. Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузоштан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат бори дигар таъкид намуданд, ки «мо дар дар доираи рушди илмҳои муосир саноаткунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал наврасону ҷавононро тақвият бахшида, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ шароит ва фазои мусоид фароҳам оварем».
Сардори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» дар шаҳри Хоруғ Меҳрӣ Аловатова гуфт, ки «омӯзиши фанҳои дақиқ, аз ҷумла математика, ки шоҳи ҳамаи фанҳо аст, ба рушди минбаъдаи истеъдоду маҳорати кӯдакону наврасон такони хуб мебахшад. Яке аз роҳҳои беҳтарини ҷалби таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба фанҳои дақиқ- амалӣ намудани ҳамин гуна озмуну олимпиадаҳо мебошад. Натиҷаи эълони Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносию дақиқ дастовардҳои хубе ба бор овард. Дар як соли охир шогирдони маркази мо соҳиби зиёда аз 50 медалу ҷоизаҳо дар озмунҳои ватанию байналмилалӣ гардиданд».