Сайрам Файзова: китоб бузургтарин ихтирооти инсонист

Рӯй овардан ба китоб, китобхонӣ ва интишори китоб аз сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Ин ташаббус ва ибтикороти Сарвари давлат аз дониши васеъ ва огоҳии комил аз таърихи тамаддуни олам, назари фарроху завқи баланди эшон дарак медиҳад. Маҳз дарки баланди масъулият ба ояндаи пуршараф, пурмазмун ва пурмаънои мардуми Тоҷикистон Пешвои миллатро водор намуд, ки ба маънавияти ҳамватанони хеш таваҷҷуҳ намоянд ва ба баланд бардоштани маърифати ҷомеа, хосса ҷавонону наврасон эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ин ибтикороти Пешвои миллат амали таърихист, ки натиҷаҳои нек ба бор хоҳад овард.

Тавре Пешвои миллат дар ин робита зикр намудаанд, китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.

Сайрам Файзова аз иштирокчиёни фаъоли Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». Ӯ зимни суҳбат бо радиои “Садои Душанбе” гуфт, воқеан китоб бузургтарин ихтирооти инсонист, ки дар ҳамаи давру замонҳо мақому манзалати шоистаро сазовор буд. Аз ҷовидонии он, аҳамияту арзиши бемисли он бузургони ҷаҳон басе гуфтаву навиштаанд. Абёти маъруфи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар мавриди асари безаволаш «Шоҳнома» ишора ба ҷовидонии китоб низ аст, ки то имрӯз вирди забони аҳли маърифат аст.

Биноҳои обод гарданд хароб,

Зи борону аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Нависандаи маъруфи рус Максим Горкий гуфта буд, ки «ҳамаи хубиҳои худро ман аз китоб медонам”. Ин андешаи суханвари номварро ҳар нафаре, ки бо китоб сари кор дорад ё ақаллан китоби хуберо аз оғоз то анҷом хонда бошад, тасдиқ менамояд. Китоб танҳо сарчашмаи илму маонӣ ва маърифат нест, балки он сарманшаи тафаккури инсон аст ва ба қавле, одам замоне, ки аз хондан боз мемонад, аз фикр кардан ва андеша намудан низ маҳрум мегардад.

Касе, ки тафаккур надорад, ӯ ҳаргиз наметавонад дар зиндагӣ муваффақ бошад. Гузашта аз тафаккур барои инсон ҷаҳонбинӣ ва донишҳое муҳиманд, то тавассути он кас ба фаъолияти худ баҳо диҳад ва ояндаи хешро интихоб намояд. Ин ҳама донишҳо, ки бо ҳақиқат пайванди қавӣ доранду таҷрибаи гузаштагон хамирмояи онҳост, маҳз дар китобҳо маҳфуз мебошанд.

Дар идомаи суҳбат иштирокчии дигари Озмуни мазкур Соҳибҷон Кулиев гуфт, дар гуфтаву навиштаҳои бузургони олам мушоҳида мешавад, ки китобро ба дӯсти вафодор монанд мекунанд ва гоҳҳо онро аз дӯст болотар мегузоранд. Дар ин маврид байти маъруфи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба ёд меояд.

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лазҳа аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Дар ҳақиқат, инсон бо хондани китоб аз ҳақиқати зиндагӣ бохабар мешавад, рӯҳашро чун варзиш дар бадан обу тоб медиҳад ва агар касе, ки бо китоб тасаллӣ ва оромиш ёбад, ҳаргиз оромиши худро аз даст нахоҳад дод.

Нигинаи ДАВРОНЗОД,

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE