Туркманистон: Сардор Бердимуҳаммедов муовини сарвазир таъин шуд
Президенти Ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов писараш Сардор Бердимуҳаммедовро муовини сарвазир ва раиси Палатаи олии назорат таъин кард. Дар ин бора телевизони давлатии Туркманистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Сардор Бердимуҳаммедов ба ҳайати Шӯрои амнияти давлатии кишвар низ ворид карда шудааст.
Сардор Бердимуҳаммедов то таъин шуданаш ба мақоми нав дар вазифаи вазири саноати Туркманистон кор мекард. Гуфта мешавад, ки ӯ рӯзи 7-уми феврали соли 2020 ба ин мақом таъин шуд.
Пеш аз ин, ӯ раиси вилояти Аҳал буд. Гуфта мешавад, ки фаъолияти сиёсии Сардор Бердимуҳаммедов аз охири соли 2016 шуруъ шуд. Вай он замон дар интихоботи миёндавраӣ ба порлумон роҳ ёфт. Аз он замон ба баъд, Сардор Бердимуҳаммадов дар арсаи сиёсиву ҷамъиятӣ фаъол шуд. Соли 2017 вай чанд сафари хориҷӣ анҷом дода, бо мақомҳои баландпояи кишварҳои хориҷ мулоқот кард.