Сил ва тарзу усулҳои табобати он дар Тоҷикистон

Бемории сил яке аз хатарноктарин бемориҳо дар тамоми кишварҳо ба шумор рафта, бино ба маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, ин беморӣ яке аз 10 сабаби марги нобаҳангоми инсонҳо дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Тоҷикистон, ки байни 30 кишвари ниёзманд ба доруҳо барои шакли мутобиқгаштаи бемории сил дар мадди аввал меистад, вусъат додан ва татбиқи усулҳову моделҳои ташхис, табобат ва пешгирии бемории силро ба зиммаи худ гирифтааст. Муолиҷаи он дар мамлакати мо ба таври ройгон эълон шудааст.

Аслиддин Раҷабзода, директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мегӯяд, гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории сил нисбати солҳои қаблӣ ба маротиб кам шудааст. “Барои бартараф сохтани ин беморӣ нафари гирифтори он бояд табобати дурусти саривақтиро қабул намояд ва инчунин, табобат бояд бетанаффус ва на камтар аз 6 – 8 моҳро ташкил диҳад. Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои бемории сили ниҳонӣ мебошанд”, – мегӯяд Аслиддин Раҷабзода.

Бояд гуфт, ки солҳои қаблӣ нарасидани кадрҳо баландихтисос намерасиданд, ки ба мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳаи силшиносӣ ин ҳам зам мегардид. Аммо, ҳолат имрӯз тамоман дигар буда, барои табобати саривақтиии беморон мутахассисони касбӣ заруранд. Ин дастовардҳои муҳим дар соҳаи силшиносӣ маҳсуб мешавад.

Аслиддин Раҷабзода мегӯяд, бемории сил гузаранда ва сироятӣ аст. Яке аз бемориҳое, ки дар ҷаҳон муаррифӣ мешавад чунин муаммо дорад. Ба ин беморӣ бисёртар одамони шароити зисташон душвор, муҳоҷирони меҳнатӣ, нафарони иммунитеташон паст гирифтор мешаванд. Табобати ин гуна беморон каме мушкил аст. “Барои он ки табобати онҳо дуру дароз, барои қабули доруворӣ ба беморон каме мушкилӣ дорад. Беморон бояд доруро дар вақташ ва бетанаффус истемол кунанд. Ба беморон ғайр аз он ки ёрии тиббӣ расонида мешавад, барои баланд бардоштани руҳияи бемор ба ҳаёт сухани нек лозим аст. Табиб бояд бо ин гуна беморон ширинсухан, хушрафтор, бо чеҳраи хандон муомилаи нек намояд. Агар табобати дуруст намоянд, ҳатман сиҳат мегарданд, чунки бемории сил табобатшаванда аст”, – мегӯяд ӯ.

Ба маълумоти Аслиддин Раҷабзода ҳолатҳои гирифторшавии муҳоҷирон ба бемории сил ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ модааст. Ӯ мегӯяд, барои табобати пурраи як бемори сили ҳассос дорувории танҳо зиддисилӣ 80 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки 100 фоиз аз ҳисоби буҷети давлатӣ таъмин мегардад. “Ҳамчунин, барои табобати як бемори шакли мутобиқгаштаи сил аз 3 ҳазор то 5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ин аз ҳисоби фонди глобалӣ дастгирӣ меёбад. Барои бемори шакли васеи мутобиқгаштаи сил бошад, аз 5 ҳазор то 10 ҳазор доллари амрикоӣ масраф мешавад, ки ин ҳам аз ҳисоби донорҳо дастгирӣ меёбад”, – гуфт Аслиддин Раҷабзода.

Ҳангоми паст шудани қобилияти муҳофизати бадан микробактерияҳои сил фаъол гашта, бемории силро  ба вуҷуд меоранд. Сабабҳои паст шудани муқобилияти организм нисбат ба бемориҳо чунинанд: шароити ногувори зист, меҳнати вазнин, хӯроки камғизо, майхорагӣ, нашъамандӣ, гирифторони бемориҳои музмини роҳҳои нафас, диабети қанд, гузаронидани ҷарроҳӣ, хусусан дар меъдаю рӯдаҳо, ғаму андӯҳ ва махсусан, сирояти ВНМО. Бояд гуфт, ки ВНМО қобилияти муҳофизатии баданро суст карда, сабабгори авҷи бошиддати сил мегардад.

Шахсони ба ВНМО сироятёфта ба гурӯҳи зери хавфи баланди гирифторшавӣ ба сил дохил мешаванд. Бемории сил дар чунин шахсон метавонад ба таври ғайриодӣ, ҳатто бе пайдошавии нишонаҳои беморӣ гузарад. Аз ин рӯ, барои дарёфти саривақтии онҳо дар як сол ду маротиба аз муоинаи рентгенӣ (флюрографӣ)-и қафаси сина гузаштан ҳатмист.

Барои баланд бардоштани қобилияти муҳофизати бадан инсон бояд тарзи ҳаёти солимро риоя намояд. Ба варзиш машғул шавад ва хуроки солимро истифода барад. Беморони гирифтори бемориҳои музмин дар 1 сол 1 маротиба аз муоинаи флюрография бояд гузаранд. Аз нӯшокиҳои спиртӣ, сигоркаши ва нашъамандӣ қатъиян даст кашанд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, бемории сил табобатшаванда аст, ба шарте, ки бемор табобати дурусту саривақтиро қабул кунад, табобат бетанаффус бошад на камтар аз 6-8 моҳро ташкил диҳад. Ҳангоми шакли фаъоли БС қобили ҳассосият нисбати доруворӣ, реҷаи табобати стандартии шашмоҳа бо чор намуди дорувории зиддимикробӣ гузаронида мешавад, бо вуҷуди таъмин намудани бемор бо ахборот, пешбурди назорат ва дастгирӣ аз ҷониби корманди тандурустӣ, ё худ дастёри ихтиёрие, ки аз тайёрии махсус гузаштааст. “Пас аз ду моҳи табобат дар беморхона бояд табобаташро боз на кам аз чор моҳ дар муассисаи тиббии минтақавии худ, дар зери назорати коркуни соҳаи тиб давом диҳад. Чунин чораҳо ба бемор шифои комил мебахшанд ва ӯро аз такрори беморӣ дар оянда эмин медорад. Мавҷуд набудани табобати дурусти саривақтӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ҳатто марг шавад”, – гуфт ӯ.

Баъзеҳо аз шароити рӯзгори худ андешида, яъне барои муолиҷа маблағи кофӣ надоранд ва ё ба ибораи дигар ба табибон муроҷиат намекунанд. Вале онҳо бояд донанд, ки мувофиқи Барномаи миллии муборизаи зидди бемории сил ва табобат бо доруҳои зиддисилӣ ройгон гузаронида мешавад. Яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии бемории сил ин муроҷиати саривақтии беморони гирифтори сил ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ва табобати саривақтии онҳо мебошад.

Нигинаи ДАВРОНЗОД,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE