Бохтар: Наширёти «Адиб» намоиш-фурӯши китоб доир кард

Имрӯз Муассисаи нашриявии «Адиб» дар майдони «70- солагии Водии Вахш»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  намоиш- фурӯши китоб доир намуд. Дар ин маъракаи фарҳангӣ зиёда аз 5 ҳазор нусха китоб иборат аз 140 номгӯйи асарҳо аз адабиёти классику муосири тоҷик ва ҷаҳон, инчунин адабиёти бачагонаро  пешкаши алоқамандони мутолиа гардонида шуд.

Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар иттилоъ  дод, дар  намоиш-фурӯши китоб   намояндагони соҳаҳои мухталифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҷамъ омада, асарҳои писандидаи хешро дарёфт намуда шоиру нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос шуда, дар китобҳои харидаашон соядаст мегиранд. Ин бори дуюм аст, ки дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Нашриёти «Адиб» чунин намоиш-фурӯши китоб баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 12 декабри соли гузашта  дар  саҳни бинои  Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав  бо ташаббуси Нашриёти «Адиб» намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор гардид. Мояи ифтихор ва хушҳолист, ки давоми ду соати баргузории  ин намоиш-фурӯш 5000 нусха китобҳои  пешниҳоднамудаи муассисаи мазкур  пурра ба савдо рафтанд, ки ин бори дигар аз муҳаббати беандозаи ҳамватанони мо ба китоб ва арҷгузорӣ ба он дарак медиҳад.

    

«Бахусус аз фаъолнокии омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар  бо роҳбаладии ректори муасисса Сайфиддин Давлатзода дар ин  намоиш –фурӯши  китоб ба ваҷҳ омадем. Таваҷҷуҳи ихлосмандон ба осори тозанашри адибони классику муосири тоҷику форс ва ҷаҳон манзараи боварнокарданиро мемонд. Ҳозирин дар талоши интихоби китоб чунон саргарм шуданд, мисли шахсе, ки муддати тӯлонӣ ғизо нахӯрда бошад. Кош, ҳама муассисаҳои таълимӣ ба китобу китобхонӣ  чунин  муносибат мекарданду  роҳбаронашон мисли Давлатзода Сайфиддин масъулиятшинос мебуд. Ана инро мегӯянд,  ҳамовозӣ ба дастури Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби толибилмон ба китобу китобхонӣ»,-  изҳор намуда буд  он замон Давлат Сафар.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE