ДМТ озмуни «Донишҷӯи инноватсионӣ – 2020» – ро эълон намуд
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни «Донишҷӯи инноватсионӣ -2020» – ро эълон намудааст, Барои ғолибони ҷои якум 2000 сомонӣ, ҷои дуюм 1500 сомонӣ ва ҷои сеюм 1000 сомонӣ муқаррар гардидааст. Анҷоми қабули дархостҳо то 30 апрел буда, ҷамъбасти озмун 31 май дар назар аст.
Озмуни «Донишҷӯи инноватсионӣ-2020» бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмию таълимӣ ва амалии хонандагони литсей, донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён ва аспирантони ДМТ, ки хусусияти инноватсионӣ доранд, тақвият додани омодагии касбии онҳо бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва баланд бардоштани иқтидори ДМТ, инчунин ҷалб намудани муҳассилини донишгоҳ ба ҳалли масоили рушди илмиву таълимӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Ба озмун корҳои инноватсионӣ аз рӯи самтҳои зерин қабул карда мешаванд: маҳсулоти инноватсинӣ (шакл, таъйиноти аслӣ, иловагӣ, функсионалӣ ва монанди инҳо), равандҳои инноватсионӣ (содагардонии истифодаи технологияи муосир, рушди рақобатпазирӣ, кам кардани хароҷоти молиявӣ ва монанди инҳо), инноватсияи иҷтимоӣ (беҳтаргардонии шароити зиндагӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди мустақилияти соҳибкорӣ ва иқтисодӣ ва монанди инҳо).
Иштирокчиёни озмун метавонанд аз имконияти Маркази инноватсионии ДМТ истифода намуда, натиҷаи корҳои инноватсионии худро таҷриба намоянд.
Корҳои инноватсионии муҳассилин (на бештар аз як кор аз ҳар иштирокчӣ) бояд зери роҳбарии куратори лоиҳа, ки аз ҳисоби омӯзгорони донишгоҳ вобаста шудааст, иҷро шаванд. Кураторон барои инъикоси мазмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ, навоварӣ ва барасмиятдарории техникии лоиҳа масъуланд. Лоиҳаи донишҷӯёне, ки куратор надоранд, берун аз озмун пешниҳод карда мешавад. Ғолибони лоиҳаҳои ғайриозмунӣ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”